Дар Тоҷикистон маоши аз ҳама баландтарин дар шаҳри Роғун ва пасттарин - дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои портали иқтисодии интернетии ENT.TJ бо истинод ба маълумоти оморӣ, охири соли 2016 ҳаҷми маоши моҳона дар Роғун ба ҳисоби миёна 1917 сомонӣ ва дар Кӯҳистони Мастчоҳ бошад, ҳамагӣ 268 сомониро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки сокинони шаҳри Роғун асосан дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии ҳамноми шаҳр машғули кор мебошанд.
Музди меҳнати моҳона ба ҳисоби миёна дар ин давра дар саросари ҷумҳурӣ дар сатҳи баробар ба 961 сомонӣ ва дар Душанбе - 1619 сомонӣ сабт шудааст.
Аз рӯи навъҳои фаъолият музди меҳнати пасттарин дар бахши кишоварзӣ - 318 сомонӣ ва баландтарин дар созмонҳои байнулмилалӣ - 5081 сомонӣ муқаррар шудааст.
Зимнан шарҳ дода мешавад, ки ба «созмонҳои байнулмилалӣ» намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии мукими Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳрвандони маҳаллӣ дохил мешаванд.