Корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ҳаҷми содироти маҳсулотро ба кишварҳои ҳамсоя се маротиба зиёд карданд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон Тоҷикистон наздики 842 ҳазор тонна семент содирот кардааст. Муддати тамоми соли 2016 ба хориҷи кишвар ҳамагӣ беш аз 282 ҳазор тонна семент бароварда шуда буд.
Аз ҷумла, дар ин давра ба Афғонистон - беш аз 570 ҳазор тонна, Ӯзбекистон ва Қирғизистон - боз ҳудуди 176 ҳазор тонна семент интиқол ёфтааст.
Аз ҳаҷми умумии сементи истеҳсолшуда дар ин давра беш аз 90 фоизаш ба корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Чунгтсай Моҳир семент»-и ноҳияи Ёвон ва ба КМ «Хуаксин Ғаюр Суғд» рост меояд.
Тоҷикистон ба содироти семент соли 2015 оғоз карда, ба кишварҳои ҳамсоя 500 тонна ин навъи масолеҳ фиристода шуд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон имсол пурра аз воридоти ин навъи масолеҳи сохтмон даст кашид.
Тӯли 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 2,5 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 800 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Тайи 8 соли ахир бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуд.
Айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки иқтидори солонаи онҳо 4,7 млн. тонна арзёбӣ мешавад, аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.
Экологи мустақил бидуни ифшои ному насаб қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор карда буд, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.
«Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 90%-и шаҳрҳои Чин таркиби маводи зараровар дар ҳаво аз меъёр зиёд буда, соҳибкорони Чинро ба дарёфти кишвари дорои шароити мусоид барои тиҷорати онҳо маҷбур кардаанд ва барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои «мусоид» интихоб шудааст, зеро ин ҷо ба ин масолеҳи сохтмон зиёд ниёз доранд, - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон қувваи кории арзон вуҷуд дорад, ки ин ҳам барои сармоягузорони Чин қобили қабул аст».
Тирамоҳи соли гузашта коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.
С праздником Навруз, дорогие таджикистанцы!
Адвокат одного из исполнителей теракта в «Крокусе» рассказал подробности подготовки к нападению
Эмомали Рахмон помиловал около 900 заключенных по случаю Навруза
Интернет в Таджикистане станет дешевле? Глава Службы связи пообещал на 20% увеличить объем мобильных интернет-пакетов
Урегулирование пограничных вопросов между Таджикистаном и Кыргызстаном – уникальный пример в современном мире
В Турсунзаде появилась зеленая «Аллея пятнадцатилетия Sardor»
Афиша от «Азия-Плюс»: «От Навруза до Навруза», ярмарка ремёсел и Детков в Душанбе
Спикер парламента Казахстана раскритиковал годы правления Назарбаева
«Лига женщин-юристов Таджикистана»: подготовка квалифицированных судей – залог справедливого правосудия
Файзали Идизода: кто он – новый спикер нижней палаты парламента Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста