Палатаи ҳисоби Тоҷикистон раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба ғайриқонунӣ фурӯхтани саҳмияҳо айбдор мекунад.

Муовини раиси Палата Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изхор намуд, ки дар натиҷаи санҷиш ошкор шудааст, ки бидуни мувофиқа бо Бонки миллӣ шахсони масъули «Тоҷиксодиротбонк» саҳмияҳоро ба фурӯш гузошта, 64 млн. сомонӣ саҳмияҳо ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида шудааст.

«Санҷиши фаъолияти «Тоҷиксодиротбонк» бо дастури Президенти мамлакат сурат гирифта, дар натиҷа саҳмияҳо ба моликияти пешина баргардонида шуданд ва қисмати зиёди онҳо дар ихтиёри давлат қарор дорад», - иброз дошт номбурда.

Ғайр аз ин, санҷиш нишон додааст, ки дар фаъолияти Суди олӣ ва ташкили кори судиҷрочиёни Вазорати адлия дар мавриди иҷрои санадҳои судӣ доир ба рӯёнидани воситаҳои пулӣ камбудиҳо ҷой доранд.

«Маблағе, ки бар асари иҷро нашудани санадҳои судӣ рӯёнида нашудааст, соли 2016 – 579,2 млн. сомонӣ ва 9 моҳи соли 2017 – 318 млн. сомониро ташкил дода, дар баъзе ҳолатҳо бонкҳо ва шахсони масъул воситаҳои рӯёниданашударо ҳамчун пардохтшуда нишон додаанд, дар асл бошад, ин воситаҳо ба буҷет ворид нашудаанд», - гуфт Азимӣ.

Масалан, дар ҳисоботи иҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2015 зикр мешавад, ки тавассути «Тоҷиксодиротбонк» ба буҷет 440 ҳазор сомонӣ (50 ҳазор доллар) маблағ пардохт шудааст, вале ин маблағ то ҳол ба буҷет ворид нашуда, «Тоҷиксодиротбонк» онро ғайриқонунӣ истифода кардааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ҳамаи ин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қисмате аз маблағҳо ба буҷет баргардонида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.