Дар мавриди узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) Тоҷикистон шитоб надорад ва мақомоти дахлдор пайи иҷрои дастури ҳукумат доир ба таҳили ҳамаҷонибаи ин масъала мебошанд.
«Ба назарам, дар ин масъала мо бояд бо усули - «ҳафт бор чен куну як бор бур» амал кунем», - гуфт муовини сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе.
Ба қавли номбурда, вазъи иқтисодӣ дар кишварҳое, ки ба иттиҳодҳои иқтисодӣ пайвастаанд, доимо дар ҳоли тағйир аст.
«Мо гуфта наметавонем, ки кадоме аз иттиҳод танҳо натиҷаи мусбат ба бор меоварад. Ҳеҷ рақамеро оварданӣ нестам, лекин аз васоити ахбори умуми кишварҳое, ки ба ИИАО дохиланд, ба хулосае расидан мумкин аст, ки муносибат байни кишварҳои узви он на ҳамеша яксонанд. Аз ин рӯ, имрӯз бо назардошти баъзе равандҳои хоси кишварамон, мо бояд ин масъаларо ҳамаҷонибаву амиқ мавриди таҳлил қарор диҳем», - гуфт ӯ.
Охири моҳи ноябри соли гузашта таҳлилгарони Central Asian Analytical Network (CAAN) чунин изҳори назар карда буданд, ки дар қатори Ӯзбекистону Туркманистон, суръатҳои баландтарини рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон низ ба мушоҳида мерасанд, вале ба ҳар ҳол, ҷумҳурӣ гирифтори буҳрон буда, воситаҳои гуногуни раҳоӣ аз он, то пайвастан ба ҳайати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро баррасӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.