Айни замон интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар ҳаҷми начандон зиёд ба хотири коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ амалӣ мешавад.
«Аз 1 октябри соли гузашта ба вилояти Кундузи Афғонистон ҳамагӣ то 50 мегаватт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Дар навбати аввал ин барои нигаҳдории коршоямии хатҳои интиқоли барқ анҷом мепазирад, чунки агар онҳо зери шиддати ҷараёни барқ қарор надошта бошанд, эҳтимоли дуздии онҳо имкон дорад. Ҷониби Афғонистон афзоиши ҳаҷми интиқолро дархост намуд, лекин мо ба онҳо фаҳмонидем, ки ин дархосташонро иҷро карда наметавонем», - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар мавсими тобистон Тоҷикистон Афғонистонро дар ҳама гуна ҳаҷм бо нерӯи барқ таъмин карда метавонад.
«Мавсими тобистони соли гузашта мо партоби холии оби баробар ба истеҳсоли беш аз 10 млрд. кВт/соат нерӯи барқро анҷом додем, аммо ҳаҷми дархосткардаи кишвари ҳамсоя аз 320 мегаватт зиёдтар набуд», - иброз дошт вазир.
Зимнан таъкид шуд, ки нархи фурӯши барқ ба Афғонистон 4 сент (каме бештар аз 35 дирам) барои 1 кВт/соат муқаррар шудааст. «Тарифи миёна барои истеъмолгарон дар дохили кишвар соли гузашта 17,6 дирамро ташкил дод», - илова намуд Усмонзода.
Тибқи маълумоти Вазорат, соли 2017 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 456 млн. сомонӣ (беш аз 50 млн. доллар) зиёда аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Нацбанк Таджикистана выставил на продажу редкие монеты
Десятки танкеров с российской нефтью встали на якорь после новых санкций США
Академия наук - самый крупный неосуществленный проект советского Душанбе
Узбекистан и ОАЭ перед визитом Мирзиёева подписали 15 инвестиционных соглашений и контрактов
На севере и юге Таджикистана назвали лучшие города
"Я единственный, кто стоял в центре Киева". Байден выступил с последним словом
Reuters: В США подготовили законопроект, позволяющий Трампу купить Гренландию
Посольство РФ предупредило таджикистанцев о мошенниках, торгующих консульскими услугами
Свет в конце туннеля. Станет ли Таджикистан энергонезависимым к 2027 году?
Какой гонорар получил Нурулло Алиев за победу на UFC Vegas 101?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста