То охири соли равон ширкати «KrysoResourcesLimited»-и Чин дар кони «Пакрут» то 207 кило тилло истихроҷ карданист. Минбаъд истихроҷи тилло бояд то 1-1,5 тонна дар як сол расонида шавад.

Директори ширкат Ли Ю зимни суханронӣ дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, ки моҳи июл истихроҷи тилло дар кон оғоз мегардад.

Палатаи поёнии парлумон созишномаи сармоягузориии моҳи апрели соли равон баимзорасида байни ҳукумати Тоҷикистон, «KrysoResourcesLimited» ва ҶСК «Пакрут»-ро дар бораи коркарди кони «Пакрут» дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат тасдиқ намуд.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, ҳамаи саҳмияҳои ҶСК «Пакрут» ба ҷониби Чин тааллуқ доранд.

Зимнан таъкид шуд, ки корҳои коркарди кони «Пакрут»-ро ширкати чинӣ ҳанӯз соли 2012 оғоз намуда, то имрӯз барои анҷоми ин корҳо беш аз 180 млн. доллар маблағ хароҷот шудааст ва боз ҷалби зиёда аз 76 млн. доллар низ дар назар аст.

Соли 20130 истихроҷи тилло аз рӯи ин лоиҳа бо розигии ҷонибҳо метавонад ба ихтиёри Тоҷикистон дода шавад.

Аз оғози кор ширкати чинӣ ба сифати андоз ба буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 230 млн. сомонӣ маблағ пардохт кардааст.

Ғайр аз ин, дар ҷойи амалисозии лоиҳа аз ҳисоби ширкат роҳу пул, хатҳои интиқоли барқ, корхонаи ғанисозӣ ва дигар иншооти зербиноӣ сохта шудааст.

Имрӯз дар амалисозии лоиҳа 480 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 120 нафар шаҳрвандони Чин кор мекунанд. Тибқи тавофуқи ҳосилшуда, минбаъд дар доираи амалисозии лоиҳа беш аз 2 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд, ки 20 фоизашро шаҳрвандони Чин ва 80 фоизашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Тамоми техникаву таҷҳизоте, ки баҳри амалисозии лоиҳа аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши илова ва боҷҳои гумрукӣ озоданд.

Мувофиқи қарордод, ширкати чинӣ уҳдадор мешавад, ки тиллои истихроҷшударо бо нархҳои ҷаҳонӣ ва танҳо пули миллӣ - сомонӣ ба Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон фурӯшад.

Ҳамаи андозҳоро аз тиллои истихроҷшуда ширкати Чин ба буҷети Тоҷикистон пардохт мекунад, ки ҳаҷми умумии он 40 фоиз аз фоидаро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистн, захираҳои тилло дар кони «Пакрут» 160 тоннаро ташкил медиҳанд. Ҷониби Чин ҳаҷми захираҳоро наздики 40 тонна арзёбӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.