Сандуқи сармоягузории давлатии Тоҷикистон аз 68 лоиҳа ба маблағи қариб 25 млрд. сомонӣ (2,8 млрд доллар) иборат аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба ин маҷмӯъ 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант дохил мешаванд.
Гуфта мешавад, азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар соли 2017 дар маҷмӯъ 2,59 млрд. сомониро (293,5 млн. доллар) ташкил додааст.
Зикр мегардад, ки давоми соли 2017 ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи сармоягузорӣ бо шарикони рушд 18 созишномаи нав ба маблағи умумии 608,8 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки ин назар ба соли 2016-ум 362,0 миллион доллар зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, аз маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 78 фоизи онро (474,9 млн. доллар) маблағҳои қарзӣ ва 22 фоизи онро (133,9 млн. доллар) воситаҳои грантӣ ташкил медиҳанд.
Қайд мешавад, ки дар доираи созишномаҳои нав барои дастгирии буҷети давлатӣ - 50,0 млн. доллар, соҳаи энергетика - 385,9 млн. доллар, нақлиёт - 75,0 млн. доллар, ҳолатҳои фавқулодда - 50,0 млн. доллар, маориф - 36,5 млн. доллар ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - 11,35 млн. доллар кӯмаки беруна равона карда мешаванд.
Тибқи маълумоти Кумита, соли 2017 бо дарназардошти вомбаргҳои давлатӣ ба ҷумҳурӣ 1, 1 млрд. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2016 - ум 30,6 фоиз зиёд мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как таджикистанцам добраться до Доминики и что там посмотреть?
В Таджикистане выросла детская преступность
Рамазон Рахимзода подтвердил, что «Боим» задержан и доставлен в Таджикистан
Digital Fest 2025: главный образовательный форум Таджикистана соберет экспертов технологий будущего
Налоговый комитет Таджикистана назвал своих главных должников
Казахстан и Таджикистан создадут СП по производству подсолнечного масла
10 лет и 4 месяца. Стали известны новые подробности приговора Ахмаду Иброхиму
TIKA укрепляет инфраструктуру медицинского образования Таджикистана
Глава МВД заявил, что еще несколько человек находятся в розыске в связи с убийствами в Канибадаме
ЧП в колонии Вахдата, приостановка деятельности Фонда Ага Хана и проблемы с получением справок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста