Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали соли равон ба 2,9 млрд. доллар расид, ки ба 40,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст.
Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки давоми соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 200 млн. доллар қарз дарёфт карданист.
«Қарзҳоро мо асосан аз ниҳодҳои молиявие, ки шарикони доимии кишвар мебошанд, дарёфт мекунем. Имконоти молии кишвар ҷиҳати саривақт ва пурраи иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи қарзҳои ҷалбшуда имкон медиҳанд», - гуфт вазир.
Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта ба пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳои он 147 млн. доллар маблағ равона гардидааст.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин (Бонки содиротиву воридотии Чин) мебошад, ки ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳо аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалӣ 500 млн. долларро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ (318 млн.), Бонки осиёгии рушд (278 млн.) ва Бонки исломии рушд (112 млн. доллар) низ қарздор аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Один из лучших в СССР. Три эпохи таджикского цирка
Reuters: почти всех сотрудников USAID за рубежом уволят к сентябрю
Медиа-группа "Азия-Плюс" посадила саженцы в честь своего дня рождения
Путин создал новую службу по вопросам гражданства и мигрантов
Афганистан всё ещё ожидает деньги Всемирного банка для реализации проекта CASA-1000
Верховный суд Таджикистана оставил без изменений приговор известным политикам
Как солнечные теплицы помогают горцам Таджикистана питаться здоровой пищей
Душанбе открывает сезон Кубка мира по велоспорту UCI Mountain Bike Eliminator-2025
Таджикские дзюдоисты отправятся на чемпионат Азии-2025 в Таиланд
Хатлонская область Таджикистана подверглась нашествию саранчи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста