Байни ширкатҳои таъминот ва интиқоли гази Ӯзбекистону Тоҷикистон қарордоди интиқоли ин навъи сӯзишворӣ ба имзо расид, ки дар он интиқоли 126 млн. метри мукааб газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, қарордоди хариду фурӯши гази табииро роҳбарони ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва ҶС «Узтрансгаз» санаи 9 март дар доираи сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.
«Мувофиқи санади имзошуда, соли 2018 Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи 15,1 млн. доллар ҳудуди 126 млн. метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад», - гуфт манбаъ.
Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад, ки дар муқоиса бо нархҳои ҳозира дар бозори ҷаҳонӣ (нархи биржавии имрӯза - 277 доллар барои ҳазор метри мураббаъ) беш аз 2 маротиба поинтар аст.
Зимнан илова шуд, ки дар сурати пайдо шудани талаботи иловагӣ ба гази табиӣ, Ӯзбекистон ба афзоиши ҳаҷми интиқол омода аст.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи аввали гуфтушунид доир ба барқарор шудани интиқоли газ байни «Тоҷиктрансгаз» ва «Узтрансгаз» ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта дар доираи гуфтушуниди Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории энергетикӣ дар Тирмиз доир гардида буд.
Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табииро бо арзиши 120 доллар барои 1 ҳазор метри мураббаъ мефурӯшад.
Он замон интизорӣ мерафт, ки то охири сол ҳамаи масъалаҳо мувофиқа шуда, ҷонибҳо қарордоди солона ба имзо мерасонанд, ки бар асоси он гази Ӯзбекистон дубора ба Тоҷикистон интиқол меёбад, аммо ин ният амалӣ нашуд.
Ӯзбекистон соли 2012 интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ намуд. Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон - КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ва чанде аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумда корхонаи сементбарории Душанбе маҳсуб меёфтанд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷа ҳамаи корхонаҳои Тоҷикистон, ки аз гази Ӯзбекистон истифода мекарданд, минбаъд ба гази синтезшудаи аз ангишт ҳосилшуда ё ба истифодаи худи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Любовь к природе и простому труженику. В Душанбе открылась выставка художника Фарруха Негматзаде
Как таджикские кавалеристы не дали немецкой армии вырваться из Сталинграда
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста