Дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҶСК «Ориёнбонк» бо «Туронбонк»-и Ӯзбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо нигаронида шудааст.

Дар Ёддошти имзошуда ҳамоҳангсозии талошҳои бонкҳои муваффақи кишварҳо ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила миёни давлатҳо пешбинӣ мешавад.

Дар маросими имзои Ёддошт қайд шуд, ки бо мавриди амал қарор гирифтани санад, ба амалисозии муомилоти молии марбут ба содироту воридоти дуҷонибаи молу маҳсулот имкон фароҳам оварда мешавад.


Ҳамчунин «Ориёнбонк» бо «Узпромстройбонк» ба маблаги умумии 20 млн. доллар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ба маблағгузории воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавассути хатҳои қарзӣ нигаронида шудааст.

Барои дастрас кардани қарз тавассути хатҳои қарзӣ шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Тоҷикистон - ба ҶСК «Ориёнбонк» ва шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Ӯзбекистон - ба «Узпромстройбонк» ва «Туронбонк» муроҷиат карда метавонанд.

Ғайр аз ин, бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, рушд ва такмили минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркуниҳои бонкӣ, байни бонкҳои кишварҳо «Созишномаи байнибонкӣ дар бораи роҳандозии муносибатҳои муросилотӣ (корреспондентский)» бо доллари ИМА ва евро ба имзо расид.

Тавре аз «Ориёнбонк» шарҳ доданд, дар ин созишнома имкони амалисозии интиқоли маблағҳои пулӣ пешбинӣ шудааст, ки дар навбати аввал ба хизматгузории муомилоти молӣ байни давлатҳо истифода хоҳад шуд.