Агар захираҳои ду кони тилло барои рӯйпӯш кардани хароҷоти ширкат нарасад, барои коркарди боз як кони дигар иҷозат дода мешавад.

Агар хароҷоти ширкати ТВЕА-и Чин аз ҳисоби коркади ду кони тиллои додашуда рӯйпӯш нашавад, ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди дигар конҳо ба ин ширкат розӣ шудааст. Ин ширкат аз ҳисоби худ Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2"-ро бунёд кард.

Роҳбари ТВЕА Чжан Син ба ВАО-и Чин иттилоъ додааст, ки тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, захираҳои минералӣ метавонанд харҷи ширкатро барои сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ ҷуброн созанд. Ӯ зикр кардааст, ки агар захираҳои конҳо хароҷотро рӯйпӯш насозад, ҳукумати Тоҷикистон хароҷотро бо пешниҳоди конҳои нав ҷуброн мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Чжан Син иброз доштааст, ки конҳои гирифташуда «захираи зиёди маъдани тилло доранд ва агар захираҳо пурра коркард шаванд, ба ширкат фоидаи зиёд меорад».

Ёдрас мекунем, ки ширкати ТВЕА соли 2013 барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» иҷозатнома гирифт. Коркарди ин конҳо ба ширкат барои рӯйпӯш кардани хароҷот барои сохтмони Маркази барқи гармидиҳии «Душанбе-2» дода шудааст.

Қаблан аз Саридораи геология хабар доданд, ки тибқи созиши ҳосилшуда, ширкат ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз ин конҳо то замоне ҳуқуқ хоҳад дошт, ки пулҳои ба сохтмони МБГ Душанбе-2 харҷкардаашро ҷуброн кунад.

«Сипас имзои қарордоди нав бо ширкат дар мавриди истифодаи ин конҳо аллакай бо шартҳои дигар дар нақша аст», - илова кард сарчашмаи хабар.

Ба гуфтаи роҳбари ТВЕА, майдони гирифтаи кон 15,4 километри мураббаъ ва захираҳои собитшудаи тилло - 51,7 тоннаро ташкил дода, захираҳое, ки бояд таҳқиқ шаванд, 117,16 тонна арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бадастомада, таркиби тилло дар конҳои «Кумарғи Боло» ва «Дуоба» беш аз 2 грамм дар 1 тонна маъданро ташкил медиҳад.

Арзиши умумии Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки аз ҷониби ширкати ТВЕА сохта шуд, 349 млн. долларро ташкил медиҳад, ки 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.