Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар Тоҷикистон иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд. Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ имконияти сайёҳии ин кишвар муаррифӣ карда мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис дода шудааст, баррасӣ мегардад.
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои байни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз Беларус ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ворид мегардад.
Аз Тоҷикистон ба Беларус бошад аслан нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмиҳои равғандор содирот мешавад.
Инчунин ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаи “БелАЗ”, “МАЗ”, ва “МТЗ” ва пешниҳод ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 мошини боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан ворид карда шудааст.
Ҳамзамон дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад.
Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат ба тасвиб расидаанд.
Ҳамкории байни ҳамдигарии вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди ду давлат низ босуръат тақвият меёбад.
Тибқи иттилои масъулон ин калонтарин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки дар панҷ соли охир дар хориҷи кишвар баргузор мегардад.

Ёдрас мешавад, ки намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе то рӯзи 23-юми майи соли равон идома меёбад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста