Дар доираи лоиҳаи хурд ба ифтихори Даҳсолаи байнулмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар бораи нерӯгоҳҳои барқи обии бузурги ҷумҳурӣ гузоришҳои тасвирӣ таҳия мешаванд.
Имрӯз гузориши тасвирии мо аз нерӯгоҳи Қайроққум - ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки 61 сол пеш мавриди истифода қарор гирифта, дар шаҳри Гулистон, дар Сирдарё воқеъ аст.
Айни замон 6 агрегшати нерӯгоҳ фаъолият дошта, барои афзудани иқтидори он тасмим гирифта шудааст, ки он таъмиру навсозӣ шуда, баъди анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии нерӯгоҳ, ки то соли 2024 идома меёбанд, иқтидори он аз 126 МВт то ба 174 МВт расонида мешавад.
Имсол Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Фонди сабзи иқлимии СММ барои амалисозии марҳилаи ниҳоии барқарорсозии нерӯгоҳи Қайроққум ва дастгирии бахши беҳбуди таъминот бо барқ ба Тоҷикистон 88 млн. доллар маблағ ҷудо карданд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми об дар обанбори нерӯгоҳ 3,5 млрд. метри мукаабро ташкил дода, ин ҷо яке аз мавзеъҳои зебои истироҳату фароғат дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Чанд сол пеш он «Баҳри тоҷик» номгузорӣ шуда, дар ин мавзеъ осоишгоҳу дармонгоҳҳо ва лагерҳои истироҳату солимгардонии зиёд амал мекунанд.
Гузориши тасвирӣ ва маълумот дар бораи нерӯгоҳи Норакро - бо ин суроға, нерӯгоҳи Бойғозиро - бо ин суроға, корҳои таҷдиди нерӯгоҳи Сарбандро - бо ин суроға ва чӣ гуна кор кардани нерӯгоҳҳои барқи обии кӯҳнатарини Тоҷикистонро - бо ин суроға дарёфт карда метавонед.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.