Дар маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ, ки рӯзи 30 июл доир гардид, аз нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.
Дар баробари таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби 3 намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашудааст.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018 тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар самти татбиқи босамари Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 чораҷӯӣ карда, инчунин барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷаҳои Стратегияи анҷомёфтаистодаи идоракунии молияи давлатиро барои солҳои 2009-2018 арзёбӣ намояд.
Барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ, Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намоянд.
Сарвари давлат қайд кард, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатии коркард коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.
Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро ҷустуҷӯ намояд.
Дар маҷлис дигар масъалаҳои марбут ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуда, ба сохторҳои масъул дастур супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
XVI сессия Верховного Совета: первые непростые шаги Таджикистана к независимости
Едят насекомых и с рождения владеют кунг-фу: топ-5 самых популярных стереотипов о жителях Китая
В Абхазии протестующие против соглашения с Россией потребовали отставки президента непризнанной республики
Высокая нагрузка в школе и мало поддержки в семье. В ВОЗ обратили внимание на трудности подростков в ЦА
«Мигрант Медиа»: В Душанбе задержали граждан Туркменистана с поддельными паспортами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста