Нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 101 ҳазору 438 ҳазор тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 31,2% зиёдтар аст.

Бино ба иттилои, сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва экологияи Агентии омор Зафар Хоҷаев, дар ин давра 1 ҳазору 839 тонна ангур,  8,1 ҳазор тонна себ ва 71,5 ҳазор тонна ҳосили зардолу гирифта шудааст, ки ҳосили себу зардолу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 22% зиёдтар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар меваҳои ситрусӣ - 103 тонна ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Соли гузашта дар ин давра 35 тонна лимӯ содирот гардида буд.

“Ҳамчунин аз оғози сол 523,1 тонна ангур (ҳамин давраи соли 2017 - 331 тонна), 54,4 тонна маҳсулот полезӣ (266,8 тонна), 56,1 тонна себу нок (25,4 тонна), 5,8 ҳазор тонна (соли гузашта 4,6 ҳазор тонна) меваҳои донакдор (зардолу, гелос, олу), 9 ҳазору 211 тонна хушкмева (13 ҳазору 525 тонна) ба хориҷи кишвар содирот шуд”, - изҳор дошт Хоҷаев.

Қобили зикр аст, ки имсол бар асари гармии зиёд аз маҳсулоти полезӣ дар Тоҷикистон ҳосили начандон хуб ба даст омад ва ин ба болоравии нархи онҳо дар ҷумҳурӣ боис шуд.

Мебояд гуфт, имсол болоравии нархи тарбуз натанҳо дар Тоҷикистон, балки қариб дар ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифт. Коршиносони Украина ва Озарбойҷон сабаби болоравии нархи маҳсулоти поезиро ба гармии беҳад зиёди обуҳавои имсола нисбат додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.