Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) якбора ба се шабакаи интиқоли пул, ки бештар муҳоҷирон тариқи онҳо маблағ мефиристанд, иҷозаи фаъолият дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, шабакаҳои "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT ҳамакнун ҳаққ доранд, то се сол дар Тоҷикистон фаъолият кунанд.

Гуфта мешавад, масъулони БМТ имрӯз гуфтанд, тасмими иҷозаи фаъолият ба се шабакаи пулгузаронӣ аз ҷониби раёсати ин бонк гирифта шудааст. Се низоми интиқоли пулӣ, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолият дарёфт карданд, ҳарсе ба бонкҳои Русия тааллуқ доранд. Ин шабакаҳо қаблан низ фаъол буданд, аммо дар пайи муқаррароти нави Бонки миллӣ дар кори бархе аз онҳо мушкилот пайдо шуд.

Бонки Миллӣ ба шабакаҳои интиқоли пул аз 18-уми апрели соли равон се шарте гузошт, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

Якум, дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд, дувум, аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд ва савум дар ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолмеёфтаро бима намоянд.

Масъулони Бонки Миллӣ қаблан гуфта буданд, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ҳангоми касод шудан ду шабакаи интиқоли пул -- "Мигом" ва "Лидер" қарзашонро аз бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз напардохтаанд.

Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо метавонад ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон зарба занад ва аз ин рӯ бонк иҷрои чунин чораҳои эҳтиётиро талаб дорад.

Баъди ҷорӣ шудани ин муқаррарот, масъулини бархе аз шабакаҳо, ба мисли "Юнистрим", изҳори нигаронӣ карданд, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо онҳо худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд мақомоти БМТ инро рад карда буданд.