Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои беҳбуди сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) то 6 млн. доллар қарз ҷудо мекунад. Аз ҳисоби ин маблағҳо, аз ҷумла харидории 40 автобус дар назар аст.
Қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда ба корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон”ба муҳлати 13 сол дода мешавад, хабар медиҳад намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.
“Воситаҳои пулӣ барои харидории 40 адад автобусҳои нав, ки истифодаи онро ба маъюбону пиронсолон осон мекунанд, сарф мешавад”, - қайд мешавад дар хабар.
Ҳамчунин ин маблағҳо ба сохтмони истгоҳи автобусҳо ва ҷорӣ кардани низоми ҳамгиройишудаи билетҳои электронӣ истифода мешаванд.
Намояндагони бонк бар ин назаранд, ки ин ба хадамоти нақлиёти корхонаи “Бохтар” ҷиҳати хубтар ба роҳ мондани фаъолият ва ҳисоботи молиявӣ, ҳамчунин бунёди низоми муосири пардохти маблағи роҳкиро, ки ба таҷрибаи беҳтарини байнулмилалӣ асос ёфтааст, кумак мекунад.
Гуфта мешавад, тамоми қарордодҳо дар доираи ин лоиҳа бар асоси озмуни кушод ва риояи қатъии сиёсат ва қоидаҳои хариди БАТР ба имзо мерасанд.
Зимнан таъкид мешавад, ки дар лоиҳа имконоти бо ҷойи корӣ таъмин кардани занон низ пешбинӣ шудааст, ки дар ин соҳа як навгоние хоҳад буд, зеро айни замон асосан мардон дар ин бахш кор мекунанд.
“Зарурати навсозии нақлиёти ҷамъиятӣ кайҳост, ки рӯйи кор омада, мо хурсандем, ки дар ин ҳалли ин мушкилот саҳм гузошта метавонем”, - қайд кардааст роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова.
Қобили зикр аст, ки то кунун БАТР ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 608 млн. евро (700 млн. доллар) маблағгузорӣ кардааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Таджикистан и Иран обсуждают сотрудничество в экономике и безопасности
Пострадавшие от землетрясения в Раште переселены, населению доставлена помощь
"Евгений Онегин" и "Криминальное танго": как прошел второй день фестиваля "Парасту-2025"
Трамп пообещал платить нелегальным мигрантам, которые согласятся добровольно покинуть США
В Душанбе пропадают дети: Объясняем, что делать, если ваш ребенок не вернулся домой
«Душанбе Сити Банк» представил новое поколение цифровых решений на открытии IT Park
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста