Дар Тоҷикистон меъёрҳои физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯроквориро барои одамон муайян карданд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бо қарори худ, ки санаи 31 август аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расида, дар портали маълумоти ҳуқуқии Вазорат адлияи ҶТ нашр шуд, ба Вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ ва рушди иқтисод дастур медиҳад, ки меъёрҳои тавсяшудаи истеъмоли маҳсулоти асосии ғизоиро ба ҳар сари аҳолӣ тасдиқ намоянд.
Ба маҳсулоти асосии хӯроквории тоҷикистониён нон ва маҳсулоти нонӣ, растаниҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равған, қанд, сабзавоту маҳсулоти полезӣ, картошка ва чой дохил шудааст.
Ҳамин тариқ, мутобиқи меъёрҳои тавсияшадаи истеъмол, як нафар давоми шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳӣ ва маҳсулоти он, 316 грамм шир ва маҳсулоти ширӣ, ҳамчунин нимто тухм истеъмол намояд.
Ба Вазоратиҳои зикршудаи дахлдор пешниҳод шудааст, ки ҳангоми зарурат оид ба ворид намудани тағйирот ба меъёрҳои тавсияшудаи физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ бо пешниҳодҳо муроҷиат намоянд.
Меъёрҳои тавсияшудаи истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон.
Нимаи моҳи апрели соли равон, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи нисбатан баландтари камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифт. Он ба Тоҷикистон рост меояд, ки ҳар сеюм нафар аҳолии кишвар ба он дучор аст.
Дар гузориши ФАО «Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гуфта мешавад, давоми солҳои 2014-2016 дар Тоҷикистон 30,1 фоиз ё худ 2,6 млн. нафар ба камбуди ғизо дучор буданд.
«Бо вуҷуди ин, дар чанде аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи густариши норасоии хӯрок барои аҳолӣ нисбатан баланд боқӣ мемонад. Сатҳи бештар баланди ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст», - қайд мешавад дар гузориш.
Ҳамчунин аз густариши сатҳи камбуди ғизо барои аҳолӣ дар Молдова (8,5%), Гурҷистон (7%), Қирғизистон (6,4%), Ӯзбекистон (6,3%), Сербия (5,6%) ва Туркманистон (5,5%) низ нигаронӣ изҳор мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.