Дар пойтахти Тоҷикистон зимистони имсол корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия - «AKIA AVESTO» оид ба васлу насби автобусҳо ба кор даромад: онҳоро дар Туркия харида, дар Душанбе корҳои ниҳоии васлу насбашро ба анҷом мерасонанд.
Қаблан мақомоти шаҳрдории Душанбе ва ширкати туркии «AKIA» созиш ҳосил карда буданд, ки барои беҳтар кардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз Туркия ба Душанбе 200 автобус оварда мешавад.
Автобусҳо дар Душанбе 75% сохташуда оварда шуда, васлу насби ниҳоӣ аллакай дар корхонаи дар боло зикршуда сурат мегирад.
“Васлу насби як автобус як рӯз давом мекунад. Ширкати мо аллакай корҳои васлу насби 119 автобусро анҷом дода, ба ихтиёри мақомоти шаҳрдории пойтахт супурд ва аксари онҳо дар шаҳр равуо доранд. Айни замон овардани автобусҳои дигарро аз Туркия мунтазирем”, - мегӯяд директори генералии корхонаи васлу насби автобусҳои «AKIA AVESTO» Асрор Мирзоев.
Ба гуфтаи ӯ, феълан 65 нафар дар корхона машғули кор буда, ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Мирзоев хабар дод, ки ба наздикӣ васлу насби автобусҳо пурра дар кишвари мо анҷом дода мешавад. Корхонае, ки айни замон сохта шуда истодааст, дар заминаи ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ва ҶДММ «Сити Сервис Лтд» бунёд мегардад.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхона аввали соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Дар назди он ҳамчунин маркази хизматрасонии маҳусулоти истеҳсолшуда низ фаъолият хоҳад кард.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 250-300 автобусро ташкил дода, на камтар аз 200 нафар мутахассони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Что такое фемицид и как с ним борются в Европе, Азии и на Кавказе
Зоир Джурабоев продлил контракт с «Согдианой» и проведёт в клубе ещё один сезон
Эмомали Рахмон поздравил Садыра Жапарова с днем рождения
От Душанбе до Ташкента: как WYZO строит империю
Четыре боя – четыре поражения. Таджикистанцы выступили на турнире АСА в Москве
Шерали Кабир: «ChatGPT заменил мне ассистента»
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Жесткий лимит в 4 кВт, атака афганских боевиков и как Центральная Азия воду поделила
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2025 года
Tarona Music Award - 2025: Скоро зажжём!
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста