Аз 1 ноябр ба андозаи 15% зиёд шудани нархи истифодаи нерӯи барқро дар ширкати “Барқи тоҷик” барои аҳолӣ сатҳӣ унвон карда, вале барои пешрафи соҳаи хеле муҳим медонанд.
Дар муроҷиатномаи дар сомонаи ширкат нашршуда қайд мешавад, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, истеъмолгарон бояд ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоянд.
Гуфта мешавад, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи нерӯи барқ барои ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба андозаи 15 фоиз баланд бардошта шуда, ин қарор аз 1 ноябри соли 2018 мавриди амал қарор мегирад.
“Дар муқоиса бо хароҷоти Ширкат ин баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш аз ин аҳолӣ барои ҳар кВт.соат 16,85 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 19,37 дирамро ташкил медиҳад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.
“Дар айни замон, ба қадри 15 фоиз қиммат шудани нархи барқ барои ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ он қадар таъсири гароне надорад. Вале ин барои пешрафти ин соҳа, таъминот кулли сокинон бо барқ ва пешрафти иқтисодиёти тамоми кишвар хеле муҳим аст. Ин мусоидат менамояд, ки ниҳоди энергетикӣ рушд ёбад”, - бар ин назаранд дар ширкат.
Дар муроҷиатнома доир ба ногузир будани чунин тасмим сухан меравад, чунки таҳлилҳои аз тарафи мутахассисони соҳа ва коршиносони байналмиллалӣ гузаронидашуда собит сохтанд, ки Ширкати “Барқи Тоҷик" бо тарифҳои пешина ягон имконият надошт, ки аз қарз раҳо гардад ва дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмиллалӣ ширкат намояд.
Зикр мегардад, ки ҳоло ҳам нархи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби миёнаи нархи байналмиллалии барқ, кишварҳои давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил хеле арзон аст.
“Ин дар шароите сурат мегирад, ки дар кишвари мо низ барқ аз рӯи талаботи байналмиллалӣ истеҳсол мегардад, мо қисмҳои эҳтиётиро пурра аз хориҷа ва бо асъори хориҷӣ харидорӣ менамоем”, - қайд мешавад дар муроҷиатнома.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад.
Дар анҷом хулоса мешавад, ки мақсади чунин тасмимгирӣ рушди соҳаи энергетика ва иҷрои Барномаи стратегии ислоҳоти бахши энергетика буда, пеш аз ҳама тадбирест, ки барои беҳбудии таъминоти кишвар ва мардуми он бо барқ равона гаштааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста