Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба ихтиёри шахси хусусӣ додани саҳмияҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” омода аст, то ки ширкатро аз муфлисшавӣ наҷот диҳад. Айни замон ҳамаи 100% саҳмияҳои ширкат ба давлат тааллуқ доранд.
Дар қарори ҳукумат аз 25 сентябри соли равон дастур дода мешавад, ки Барномаи махсуси дастгирии давлатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018-2023 тасдиқ карда шавад.
Дар қарор гуфта мешавад, барнома бо мақсади рушди заминаи моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва солимгардонии молиявӣ ва хоҷагидории ширкати “Тоҷик Эйр” нигаронида шудааст.
Дар замима ба қарор дар нақшаи чорабиниҳо ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва худи ширкати ҳавопаймоӣ дастур дода шудааст, ки дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкати “Тоҷик Эйр” барои ҳукумат пешниҳоду тавсияҳо таҳия карда шаванд. Муҳлати пешниҳоди онҳо ба ҳукумат зикр намегардад.
Ғайр аз ин, бо назардошти коҳиши ҷойҳои корӣ ва кам кардани ҳаҷми қарзҳои ширкати ҳавопаймоӣ, таъсиси сохтори нави ташкилии “Тоҷик Эйр” пешниҳод мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дастур дода мешавад, ки қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ҷалб карда шаванд, аз ҷумла барои харидории ҳавопаймоҳои муосир.
Ҳамчунин барои солимгардонии вазъи молиявӣ ва иқтисодии ширкати ҳавопаймоӣ, афзудани шумори парвозҳо тариқи хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ, аз ҷумла хатсайрҳои Душанбе – Истанбул – Душанбе, Душанбе – Дубай – Душанбе, Душанбе – Шарҷа дастур дода мешавад.
... технопарки фарсуда ва кӯҳнашуда
Айни замон парки ширкат асосан аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли замони шӯравии ТУ-154М, ТУ-134 А-3, АН-24 Б, АН-26, АН-28, ЯК-40, чархболҳои МИ-8 МТБ, ҳамчунин ҳавопаймоҳои Боинг 767-322, Боинг 757-200, Боинг 737-300, Боинг 737-500 ва МА-60-и истеҳсоли Чин иборат аст.
Ба санаи 1 январи соли равон шумори умумии техникаи ширкат 34 адад, аз ҷумла 31 ҳавопаймо ва 3 чархболро ташкил медиҳад, ки танҳо 4 ҳавопаймо дар ҳолати коршоям қарор доранд. Шаштои онҳо корношоям буда, 21 адад дар захира нигаҳдорӣ мешаванд. Аз се чархбол танҳо 1-тоаш коршоям аст.
“Дар робита ба охир расидани муҳлати истифода ва нигаҳдорӣ, зиёновар будани барқарор кардан, истифодаи миқдори зиёди сӯзишворӣ нисбат ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо, 23 ҳавопаймои истехсоли солҳои 1969-1992-ро мебояд аз эътибор соқит намуда, 283 адад муҳаррик ва редукторҳо, металлҳои сиёҳ ва рангаро фурӯхтан зарур аст”, - омадааст дар барнома.
Фурӯши техника ва таҷҳизот давоми солҳои 2018-2019 ба нақша гирифта шуда, пешниҳод мешавад, ки воситаҳои бадастомада ба харидорӣ ё тариқи лизинг гирифтани ҳавопаймоҳои муосир истифода шавад.
Қарзҳо
Соли гузашта фоидаи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ҳамагӣ наздики 4,3 млн. сомониро ташкил дод: хароҷот – беш аз 576 млн. сомонӣ ва даромад – ҳудуди 581 млн. сомонӣ.
Дар муқоиса бо соли 2016 соли 2017 қарзҳои ширкат қариб 2,8 млн. сомонӣ афзуда, ба санаи 1 январи соли 2018 қарзи ширкат назди корхонаву ташкилотҳои соҳавӣ – наздики 130 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамагӣ 16%-и бозори авиатсионии Тоҷикистон
Нимсолаи аввали соли равон “Тоҷик Эйр” ба 152 ҳазор нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 ҳазор нафар камтар буда, ин нишондиҳанда каме бештар аз 16%-и шумори умумии хизматгузории мусофирон дар фурудгоҳҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Соли 2017 дар хатсайрҳои байнулмилалӣ ба 339,6 ҳазор нафар мусофирон ва дар хатсайрҳои дохилӣ – ба 16,3 ҳазор нафар мусофирон хизматгузорӣ шудааст. Дар муқоиса бо соли 2020 ин нишондиҳандаҳо 37,8 ҳазор ва 103,4 ҳазор нафар камтаранд.
Фаъолияти истеҳсолии ширкат айни замон аз ҳисоби истифодаи чор ҳавопаймои коршоям - Боинг 767-322 (бо 278 ҷойи нишаст), Боинг 757-200 (216), Боинг 737-300 (136), АН-28 (17) ва ҳамчунин чархболи МИ-8МТВ (бо 22 ҷойи нишаст) таъмин мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Школьники Таджикистана получили возможность участвовать в олимпиаде «Будущее большой химии»
Автозапчасти - какие из них можно купить неоригинальные, а на чем не стоит экономить?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Анор-Крафт-Маркет», акустический вечер и концерт французского пианиста
Лучший вуз Таджикистана занимает лишь 561-е место в Азии
Иногда это «крик о помощи». Как понять, что ваш ребенок попал в «группу смерти»?
Число лиц без гражданства в Центральной Азии сократилось в 7 раз
В Бохтаре открыли Центр профессионального обучения и спичечный завод
В Казахстане спасли пассажиров автобуса, который направлялся в Таджикистан
Путин заявил о приоритете интересов россиян в вопросе привлечения мигрантов
Байден пообещал мирно передать власть Трампу
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста