ҶСК “Агроинвестбонк” соли 2019 ба суратҳисоби Вазорати молияи Тоҷикистон аз ҳисоби қарз бояд 40 млн. сомонӣ пардохт кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019” дар ин хусус сухан меравад. Лоиҳаи буҷет дар марҳилаи баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор дорад.

Аввали соли гузашта барои дастгирӣ ва беҳбуди вазъи молиявии “Агроинвестбонк” ҳукумат 1 млрд. 70 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Он замон бонк уҳдадор шуда буд, ки ин воситаҳои гирифтаашро бо 5 фоизи солона тадриҷан дар муддати панҷ сол баргардонида, ҳамзамон ин воситаҳои аз ҷониби давлат ҷудошударо бо сармоягузориҳои иловагӣ иваз мекунад. Лекин ҷалби чунин воситаҳои молиявӣ муддати ду сол аст, ки ба бонк муяссар намешавад.

Гузашта аз ин, “Агроинвестбонк” аз уҳдаи баргардолнидани воситаҳои давлатии гирифтааш ҳам набаромада истодааст. То охири соли гузашта бонк мебоист ба Вазорати молия 5%, соли равон – 20% ва солҳои минбаъда 25%-ии ин воситаҳоро бармегардонид.

Моҳи августи соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошта буд, ки уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» ҳам соли гузашта ва ҳам имсол иҷронашуда боқӣ мемонанд.

Ӯ қайд карда буд, ки агар бонкҳои дучори мушкилот бо уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон (ҷалби сармоягузории иловагӣ ва баргардонидани воситаҳои барои дастгирии онҳо аз ҷониби давлат ҷудошуда) набароянд, нисбати онҳо чораҳои мушаххас, то бозхонди иҷозатномаи фаъолият андешида хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.