Аз се беш аз ду ҳиссаи воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҳисоби пардохти андозҳо пешбинӣ шудааст.
Ҳаҷми умумии қисмати даромади буҷети соли 2019, ки охири ҳафтаи гузашта қабул шуд, дар ҳаҷми 23,8 млрд. сомонӣ муқаррар шуда, воридот аз ҳисоби андоз дар соли оянда дар ҳаҷми 16,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми муқарраршудаи андозҳо дар соли 2019 аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ аз рӯи ҷамъоварии андоз дар соли ҷорӣ ба миқдори 1,5 млрд. сомонӣ зиёдтар мебошад.
Аз ҷумла, соли 2019 воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда – 6,8 млрд. сомонӣ, андоз аз даромад – 2 млрд. сомонӣ, андози иҷтимоӣ – 1,8 млрд. сомонӣ, андоз аз фоида – 1,7 млрд. сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ – 452 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, дар ҳаҷми умумии воридоти маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷет дар соли 2019 ҳиссаи Кумитаи андоз – 67,2%, Хадамоти гумрук – 29,4% ва дигар мақомот – 3,4%-ро ташкил хоҳад дод.
Соли 2019 ҳаҷми умумии воридоти маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар санади асосии молиявии кишвар 17,8 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.