Дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи иштирок дар форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ Ван Чэн, роҳбарияти музофоти Ҷиансу ва роҳбарияти шаҳри Янгҷоу доир гардиданд.
Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Тоҷикистон дар форум ва дар вохӯриҳои дуҷониба ҳолати ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Бо изҳори қаноатмандӣ робитаҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва дигар сутуҳ, инчунин болоравии эътибори сиёсии мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин зикр гардида, мавзӯъҳои таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Бо истифода аз имконияти мазкур ҳайати Тоҷикистон дар доираи форум фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварро тавассути рӯнамоии (презентатсияи) пурмуҳтаво муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин бо мақсади истиқрори муносибатҳои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Янгҷоу Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.
Оид ба натиҷаҳои форум ташаббуси Янгҷоу маъқул дониста шуд, ки истиқрори ҳамкориҳо ва табодули сайёҳиро байни шаҳрҳои Янгҷоу ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ин иқдом дар қатори 20 шаҳри ҳамкорӣ панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтарро дарбар мегирад.
Мувофиқа ба даст омад, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Фестивали байналмилалӣ оид ба сайёҳии иқтисодӣ ва тиҷоратии «Фейерверк-март» моҳи апрели соли 2019 Намоиши фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи маҳаллӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин аз ҷойҳои шоёни диққати фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Янгҷоу боздид намуд.
Мирзо Мастонгулов: последний полет
В результате пожара в отеле на курорте в Турции погибли 66 человек
Хакеры получили доступ к базе данных пользователей «Ростелекома»
«За честность и смелость». Узнали, за что читатели любят газету «Азия-Плюс»
Парень из Таджикистана принял участие в параде по случаю инаугурации Трампа. Кто он?
Кадровые перестановки в Таджикистане: президент снял глав Минтруда, КЧС и председателя Верховного суда
В Душанбе отмечен рост случаев поножовщины и насилия на почве семейных разногласий
1688 номеров, 5 редакторов и след в истории: газете «Азия-Плюс» – 25 лет!
Таджикистан увеличил импорт подсолнечного масла из Казахстана
В 2024 году в Узбекистан из России доставили тела 474 умерших мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста