Дар рейтинги беҳтарин кишварҳо барои пешбурди тиҷорати маҷаллаи амрикоии Forbes (Best Countries for Business) миёни 161 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 124-ум қарор гирифт.
Зинаи аввалро дар рейтинги мазкур ду сол пайдарпай Британияи Кабир ишғол мекунад. Дар зинаҳои аввали баъдӣ Шветсия, Гонконг, Нидерланд, Зеландияи Нав, Канада, Дания, Сингапур, Австралия ва Швейтсария ҷой гирифтаанд.
Миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар мақоми 44-ум, Россия - 55, Қазоқистон - 65, Озарбойҷон - 70, Арманистон - 87, Беларус - 88, Ӯзбекистон - 105, , Қирғизистон – 108 ва Тоҷикистон дар зинаи 124-ум қарор доранд.
Дар рейтинги Forbes 161 кишвар аз рӯи 15 нишондиҳанда, аз қабили ҳуқуқ ба моликият, сатҳи ҷорисозии инноватсияҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, мизони коррупсия, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), расмиётчигӣ (бюрократизм), таъмини ҳимояи сармоягузорон ва ғайра баҳогузорӣ мешаванд.
Зимни баҳогузорӣ аз ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои Aon ва Marsh & McLennan, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, СММ ва дигар созмону ташкилотҳо истифода мешавад.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.