Бонки осиёгии рушд (БОР) ҷиҳати мусоидат ба татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ дар Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд омодагӣ изҳор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрии раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода ва вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо роҳбари Миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной ҷонибҳо дар мавриди таҷдиди Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи  “Барқи Тоҷик”  ибрози андеша намуданд.

Гуфта мешавад, Фаррух Ҳамрализода иброз доштааст, ки соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таҷдиди ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз қисматҳои асосиии ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар ба шумор меравад ва ҳадаф аз ин - рақобатпазир будани маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза - қувваи барқ мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбари миссияи Бонки Осиёии Рушд Юки Иной дар навбати худ изҳор намудааст, ки дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетикӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи нақшаи инфиродии бозсозии сохтори “Барқи тоҷик” ҳукумат ният дошт, ки то охири соли гузашта дар заминаи он ду ширкати нави мустақил таъсис диҳад.

Ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, моҳи майи соли гузашта ҳукумат бо қарори худ дастур дода буд, ки тавассути азнавташкилдиҳии сохтори идоракунии «Барқи тоҷик» дар заминаи он Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» таъсис дода шавад.

Ширкати “Барқи тоҷик” ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯйхати воситаҳои асосиро супурда, дар навбати худ он бояд ба ихтиёри ҷамъиятҳои саҳҳомии таъсисмеёфта дода мешуд.

Пас аз баррасӣ ва маъқул дониста шудани рӯйхат аз ҷониби Кумита, қабули қарори ҳукумат дар назар буд, ки бар асоси он ҷараёни тақсимоти “Барқи тоҷик” ба се ширкат бояд ба хотима мерасид, лекин қарори дахлдори ҳукумат дар ин хусус алҳол қабул нашудааст ё қабул шудаву вале ба нашр нарасидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.