Сармоягузори хориҷӣ соли 2018 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 645 млн. доллар маблағгузорӣ намуданд, ки беш аз нисфи он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.

Соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ ё худ 645 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ ҷалб шуд, ки 3 млрд. сомонӣ ё худ 326 млн. доллараш сармоягузории мустақими хориҷӣ аст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Ба сурати умум айни замон дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 30,5 млрд. сомонӣ ё худ 3,23 млрд. доллар 69 чунин лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Онҳо аз 23 лоиҳаи грантӣ, 12 лоиҳаи қарзӣ ва 34 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат мебошанд.

Аз оғози амалисозии лоиҳаҳои мазкур то 1 январи соли равон дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо нисфи маблағ аз ҳаҷми умумӣ – 15,5 млрд. сомонӣ (1,64 млрд. доллар) азхуд шудааст.

Аз ҷумла, соли гузашта дар мавриди татбиқи ин лоиҳаҳо 3,9 млд. сомонӣ (418,6 млн. доллар) азхуд шуда буд, ки 96% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил дода буд.

Лоиҳаҳои амалишаванда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (743 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (594 млн. доллар), Эксимбонки Чин (467 млн. доллар), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (403 млн. доллар), Бонки исломии рушд (148,6 млн. доллар) ва дигарон маблағгузорӣ мешаванд.

Аз ҳисоби ин сармоягузориҳо дар бахши маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 9 лоиҳа, дар бахши кишоварзӣ ва обёрӣ – 23 лоиҳа, дар соҳаи энергетика – 11 лоиҳа, соҳаи нақлиёт – 16 лоиҳа, ҳамчунин лоиҳаҳо дар дигар бахшҳо амалӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон се соли наздик барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ният дорад, ки наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб кунад. Ин воситаҳо дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии беруна барои солҳои 2019-2021 ҷалб мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ – ҷалби 261,8 млн. доллар, соли 2020 – 255,9 млн. доллар ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маврид қарзгиранда ҳукумат шуморида шуда, лекин хизматгузорӣ ва баргардонидани қарзҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори кишвар амалӣ мегардад.

Ҷалби ин воситаҳо аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.