Аз рӯи арзиши интернет байни 230 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 103-юм ва миёни кишварҳои узви ИДМ як зина болотар аз мақоми охирро ишғол мекунад. Дар ин бора дар таҳқиқоти Worldwide mobile data pricing оид ба арзиши хизматгузории интиқоли маълумот хабар дода шудааст.
Бар асоси маълумоти моҳи ноябри соли 2018 муҳаққиқон бо назардошти 4,84 доллар нарх доштани як гигабайт интернет дар ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар зинаи 103-юм ҷой додаанд.
Байни кишварҳои узви ИДМ Қирғизистон зинаи дуюм (0,27 доллар), Қазоқистон мақоми сеюм (0,49 доллар), Украина – чорум (0,51 доллар) ва Русия ҷойи 14-ум (0,91 доллар барои 1 ГБ)-ро касб кардаанд.
“Туркманистон ягона кишвари ИДМ аст, ки интернеташ гаронтарин дар ҷаҳон буда, ба ҳисоби миёна 19,81 доллар барои 1 гигабайтро ташкил медиҳад”, - қайд мекунанд муаллифони гузориш.
Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намуд, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар кунанд. Айни замон агар як гигабайти интернет дар операторони Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошта бошад, пас аз 27 март арзиши он бе назардошти андозҳои ғайримустақим на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 18% ва аксиз – 5% арзиши он на камтар аз 62 сомонӣ (6,6 доллар) мешавад.
Эҳтимол меравад, ки аз моҳи апрел нархи миёнаи интернет дар Тоҷикистон 6,6 долларро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нарх дар рейтинги мазкур мақоми Тоҷикистон то зинаи 138-ум поин рафта, баъди Венгрия (6,57 доллар) ва Британия (6,66 доллар) ҷойгир мешавад.
Барои муқоиса, интернети нисбатан гаронтарин дар чунин кишварҳо ба қайд гирифта шудааст: Зимбабве (нархи миёнаи интернети мобилӣ 75 доллар барои гигабайт), Юнон (қариб 33), Чад (23), Швейтсария (беш аз 20), Туркманистон (қариб 19,81), Гренландия (наздики 17), Мозамбик (наздики 16), Португалия (14), Норвегия (13).
Қобили зикр аст, ки дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи январи соли 2019) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт. Аз рӯи суръати интернети мобилӣ муаллифони рейтинг Тоҷикистонро пас аз Афғонистон (зинаи 136-ум) дар мақоми 137-ум гузоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сотворил неожиданное. Кулябский «Равшан» одержал первую победу в азиатском турнире
Для энергокольца Центральной Азии создали дорожную карту
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 декабря 2024 года
Как Цецилия Бану-Лахути потратила 25 лет жизни на перевод «Шахнаме»
Международные переводы с Visa Direct Account: быстро, надёжно и удобно с Международным банком Таджикистана
В России предложили проверять школьников на «склонность к экстремизму и терроризму»
Таджикистан увеличил экспорт шиповника
Свершилось. Таджикистан и Кыргызстан завершили делимитацию общей госграницы
Как падение курса рубля повлияло на жизнь таджикистанцев?
Традиционная китайская одежда: философия и эстетика, передаваемые из поколения в поколение
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста