Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола зиёд кардани даромади буҷети давлатиро аз андозҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% дар нақша дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки барои афзоиши воридоти ин маблағҳо заминаи воқеӣ вуҷуд надошта, нақша танҳо бо роҳи афзоиши сарбории андоз ва ҷаримабандии тиҷорат иҷро шуда метавонад.
Соли 2018 ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз (андоз ва пардохтҳои гумрукӣ) ҳудуди 15,8 млрд. сомони ва 70%-и ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатиро ташкил доданд. Ҳарчанд нахуст зимни қабули буҷет ин даромадҳо ба маблағи 14,7 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шуда буданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта аз ҳисоби андозҳо (ААИ ва андоз аз даромад) беш аз 420 млн. сомонӣ камтар маблағ ба буҷет ворид шуд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аввали соли равон дар робита ба иҷро нашудани ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби ин ду навъи андоз нигаронӣ изҳор намуд. Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати коҳиши ҳаҷми бақияҳо аз қарзи андозҳо, ки ҳаҷми умумиашон дар аввали соли ҷорӣ зиёда аз 725 млн. сомониро ташкил дод, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи бахшидани қарзҳо ба андозсупорандагони ҷудогона идома дорад: тибқи фармоиши ҳукумати Тоҷикистон аз 1 март, қарзҳо аз андози 14 ширкату соҳибкорон, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо , ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда мешавад.
Соли равон воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз ба буҷет дар ҳаҷми 16,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 – 10% бештар аст. Мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз ҳисоби андозҳо давоми солҳои 2020-2021 ҳамсола ба ҳисоби миёна 10% зиёд мешаванд.
Аз кадом ҳисоб андозҳо зиёд мешаванд?
Дар сохторҳои марбута мегӯянд, афзоиши воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо бо роҳи табиӣ сурат мегирад: соҳибкорон ва корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз мекунанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, иқтисод рушд мекунад ва мутаносибан воридоти маблағ аз андоз низ меафзояд.
Лекин мутахассисон эътироф мекунанд, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд кардани сарбории андоз сурат мегирад.
Як манбаи воломақоми “Азия-Плюс” бидуни ифшои ному насаб дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумат ҳамасола сатҳи 7%-и афзоишро муқаррар менамояд.
- Аммо солҳои охир нишондиҳандаҳои афзоиши бахши кишоварзӣ ва саноат (бахусус дар саноати коркард) начандон баланд аст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки тариқи зиёдкунии сарбории андоз ба афзоиши сатҳи пешбинишудаи ММД ноил гарданд.
Зикр шуд, ки барои расидан ба сатҳи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда андозчиёни кишвар дар он ҷойҳои алҳол имкондошта меъёри андозҳоро боло мебаранд ва дар навбати аввал барои тиҷорат.
- Ман чандин маротиба ба андозчиён гуфтам, ки мувофиқи маълумоти созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, меъёри андозҳои мо яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст, вале онҳо ин далелро эътироф карданӣ нестанд, - иброз дошт мутахассис.
- Гузашта аз ин, идома дод ӯ, солҳои охир андозчиён аз уҳдаи иҷрои ҷамъоварии андоз аз ААИ ва андоз аз фоида набаромада, кӯшиш мекунанд, ки ин камомадро тариқи чаримабандиҳои гуногун нисбати намояндагони тиҷорат рӯйпӯш созанд.
- Ин раҳдаргумист! Ба ин васила мо андозсупорандагони боқимондаро низ буғӣ мекунем, - илова намуд мутахассис.
Коршиноси масоили молия Саидҷон Рафиқов низ ба ақидаи ӯ розӣ буда, бар ин назар аст, ки дар ҷумҳурӣ барои афзоиши табиии воридоти маблағ аз андоз ҳеҷ гуна шароит вуҷуд надорад.
- Тиҷорат кори худро қатъ мекунад, аҳолӣ ба қишрҳо тақсим шуда, ҳамаи сарчашмаҳои калидии даромад ғасб шудааст, аз ин рӯ, танҳо ба чаримаву боҷҳо умед баста мешавад. Агар соли гузашта арзиши азназаргузаронии техникии автомашинаи ҳаҷми миёна 900-1200 сомониро ташкил медод, пас имсол аллакай ба 1500 сомонӣ ва болотар аз он расидааст, - иброз дошт ӯ.
Бино ба гуфтаи коршинос, ба дӯши нозирони андоз дар шакли ҷаримаҳои маъмурӣ ва санҷишҳои махсус нақшаи иловагӣ вогузор шудааст, ки хоҳ нохоҳ ин ҷаримаҳо аз андозсупорандагон ситонида мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки соли гузашта баҳри таъмини рушди иқтисод, фаъолнокии соҳибкорон ва некӯаҳволии мардум, меъёрҳои андоз дар як қатор соҳаҳои саноати Чин то 16% кам карда шуд. Меъёри ААИ дар тиҷорати хурд ҳамагӣ 3%-ро ташкил дода, сабзавоту меваи бо дастони худ парвишкарда умуман андозбандӣ намешаванд.
Меъёри андоз аз аризиши иловашуда (ААИ) дар Тоҷикистон – 18% муқаррар шудааст.
Ҳукуматдорони Чин дар бораи мавҷи нави коҳиши меъёри андозбандӣ хабар доданд. Аз 1 апрел меъёри ААИ ва аз 1 май меъёри андози иҷтимоӣ поин бурда мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста