Ба баҳогузории амволи бонкҳо комиссияи байниидоравии таъсисёфта машғул мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳайати комиссияи зикршуда намояндагони вазорату идораҳои дахлдор шомиланд.

Дар Бонки миллӣ изҳор намуданд, ки комиссия аз ҷумла арзиши амволи бонкҳои дучори мушкилоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ҳамчунин бонкҳои дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарордоштаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро муайян мекунад.

“Баъди муайян шудани арзиши амвол он ба фурӯш гузошта мешавад, то ки бонкҳо бо мизоҷони худ ҳисобаробарӣ карда тавонанд”, - илова карданд дар Бонки миллӣ.

Қобили зикр аст, ки мизоҷони бонкҳо чандин маротиба ба дубора муайян кардани нархи амволи бонкҳои дучори мушкилот исрор карда буданд. Онҳ бар ин назаранд, ки арзиши амволе, ки ба фурӯш гузошта шудааст, хеле баланд аст ва бо ҳамин сабаб ба фурӯш нарафта, мизоҷон муддати се сол аст, ки маблағҳои дар бонкҳо амонатгузоштаи худро бозпас гирифта наметавонанд.

“Ба иншооту амвол нархҳои “кайҳонӣ” гузошта шуда, бо ин арзиш ҳеҷ касе онҳоро хариданӣ нест,- гуфт ба “Азия-Плюс” яке аз мизоҷони “Тоҷпромбонк”. – Бо ҳамин сабаб маъмурони таъиншудаи ин бонк аз моҳи августи соли гузашта ба амонатгузорон ягон тин ҳам баргардонида наметавонанд”.

Маблағи қарзии бонкҳои дучори мушкилот танҳо дар назди шахсони воқеӣ беш аз 1,3 млрд. сомонӣ (ҳудуди 240 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.