Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҳаҷми наздики 26,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, гуфта мешавад дар дурнамои Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Нисбат ба ҳаҷми соли равон ин нишондиҳанда 10,5% ё худ 2,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Аз ҷумла ба даст овардани беш аз 19,3 млрд. аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ, зиёда аз 1,6 млрд. - аз ҳисоби воситаҳои махсус ва наздики 5,2 млрд. - аз ҳисоби қарзу грантҳо дар назар дошта шудааст.
Қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 26,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ - 9,5% бештар мебошад.
Дар назар аст, ки соли оянда ҳудуди 19,1%-и хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 17,2% - ба соҳаи маориф, 15,2% - ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ, 6,8% - ба соҳаи тандурустӣ ва 3,8% - ба бахши фарҳангу варзиш равона гардад.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли оянда дар ҳаҷми 82,7 млрд., касри буҷет - дар сатҳи 0,5% нисбат ба ММД, мизони таварум - 6,8%, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА - 10 ба 1 пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки таҳияи буҷет барои соли оянда ҳамасола моҳи сентябр ба итмом мерасад. Баъди аз ҷониби ҳукумат маъқул шуморида шудани нишондиҳандаҳои он, лоиҳа ба баррасии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Буҷет барои соли ояндаро парлумон маъмулан нимаҳои моҳи ноябр тасдиқ мекунад.
Даромад ба буҷети соли 2019 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми наздики 23,8 млрд. сомонӣ ва хароҷот - беш аз 24,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане вспышка кори? Жители обеспокоены, Минздрав опровергает
Пожары в Лос-Анджелесе: пять человек погибли, в Малибу горят дома звезд
«Таджик Эйр» начнет полеты в Куляб и Пенджикент. Когда и сколько будут стоить билеты?
Сделаем Америку снова Мексиканской. В Мехико ответили Трампу на желание переименовать залив
Экс-президент Грузии получила стипендию Киссинджера в Институте Маккейна
Правительство Таджикистана установило квоты на сбор ферулы и солодки в 2025 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 января 2025 года
Нужно учредить премию имени «Мухтор-ака» и «Сына казикалона». К 110-летию Асли Бурхонова
В Южной Корее отклонили законопроекты о расследовании в отношении президента
Генпрокуратура возбудила дело за производство контрафактного алкоголя в Душанбе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста