Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкатҳои Чин дар бораи таъмиру навсозии қитъаҳои ҷудогонаи роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб тавофуқ ҳосил кард.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ширкати JV оf СSСЕС Хingiang Соnstraction & Еnginiring Со. дар бораи анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи 33-километра, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) мепайвандад, созишнома ба имзо расид.
Дар ин қитъаи роҳ, ба ҷуз иҷрои корҳои дигар, бунёди се пул бо масофаи умумии 108 метр пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин бо ширкати дигари Чин - Сhina Roud Bridg Corporation дар бораи иҷрои корҳои таъмиру навсозии қитъаи 26-километра аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаи Хумб низ созишнома ба имзо расид.
Дар ин қитъаи роҳ низ сохтмони се пул бо масофаи умумии 74 метр ба нақша гирифта шудааст.
Маблағи умумии ин ду лоиҳа 115,5 млн. долларро ташкил дода, сармоягузорӣ аз ҳисоби воситаҳои ҷалбшудаи Бонки исломии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди рушди Кувейт, Фонди Абӯ-Дабӣ, ОПЕК, ҳамчунин аз ҳисоби саҳмгузориҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Россия и США обсудили конфликт в Украине. О чем договорились главы МИД двух стран в Эр-Рияде?
Непобедимый таджикский боец Сарвар Хамидов поборется за $500 тысяч в PFL
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 февраля 2025 года
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
В Госдуме РФ предложили обязать мигрантов проходить повторный медосмотр
Куда в Таджикистане уходят деньги, собранные на автоутиль?
Общие доходы блогеров в Таджикистане в 2024 году оценили в $2,5 млн
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста