Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 июн ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё (БОР) Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми “Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ” зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки Рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона карда шуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо муҳокима гардид.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ муҳим дониста шуд.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалияноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба иқтиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста