Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи охири моҳи май баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ “Моҳир Семент” дар бораи сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон тасдиқ кард.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 600 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил медиҳад. Барои сохтмони корхона 300 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад, хабар дод ба вакилон роҳбари Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

Мувофиқи қарордод, сармоягузор аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоӣ барои шахсони хориҷӣ озод карда мешавад.

Таҷҳизоту техника ва масолеҳе, ки бо мақсади амалисозии лоиҳа аз ҷониби сармоягузор ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳамчунин моликияти шахсии кормандони хориҷии сармоягузор, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод мешаванд.

Ширкати “Моҳир Семент” айни замон дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони Чин ба истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон машғул аст: корхонаи «Чунгтсай Моҳир Семент» бо иқтидори лоиҳавии солонаи 1,2 млн. тонна соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар қаламрави Тоҷикистон айни замон 18 корхона ба истеҳсоли семент машғуланд, ки бузургтаринашон корхонаҳои Тоҷикистону Чин - «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» мебошанд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар кишвар 85%-аш ба онҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли равон дар кишвар беш аз 1,2 млн. тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои истеҳсоли сементи кишвар талаботи дохилии кишварро бо ин масолеҳи сохтмон пурра таъмин карда, ҳудуди 40% сементе, ки тӯли се моҳи имсол дар ин корхонаҳо истеҳсол шудааст, ба кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистону Афғонистон ва Қирғизистон содирот шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.