Соли ҷорӣ суръати истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафт.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 5 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли металли №1 (тилло) ба андозаи 60,8% ва металли №2 (нуқра) - 37,6% афзуд.
Дар сохторҳои расмии кишвар аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо худдорӣ варзида, изҳор медоранд, ки чунин маълумот махфӣ аст.
Соли гузашта дар Тоҷикистон рекорди нави истеҳсоли тилло гузошта шуда, дар ҷумҳурӣ беш аз 6,4 тонна ин навъи металли гаронбаҳо (афзоиш нисбат ба соли 2017 - қариб 17%) истеҳсол шуд.
Ҳамаи тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар, аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ харидорӣ мешавад.
Дар гузориши моҳи апрелии World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло) қайд шуд, ки Бонки милии Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон 1 тонна тилло фурӯхтааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон захираҳои зиёди тилло мавҷуд аст. Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.
Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста