Намояндагони гурӯҳи лоиҳакашии Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки воситаҳои онро Бонки авруосиёии рушд (БАОР) идора мекунад, ҷиҳати пайгирии омодагӣ ба оғози корҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонк.

Дар ҷараёни сафар бо намояндагони вазорату идораҳои гуногуни ҷумҳурӣ вохӯриҳо доир гардида, дар онҳо масоили бештар муҳими марбут ба лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак баррасӣ шуданд.

“Аз ҷумла, дар натиҷаи кори муштараки гурӯҳи корӣ мувофиқаи ҳуҷҷатҳои асосӣ ба анҷом расида, нақшаи баргузории озмун оид ба интихоби ширкати воридкунандаи таҷҳизоти трансформатор барои нерӯгоҳ омода шуд”, - омадааст дар маълумот.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди қарз дар ҳаҷми 40 млн. доллар барои маблағгузории лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак” моҳи феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Фонди авруосиёии субот ва рушд маъқул шуморида шуд.

Дар доираи амалисозии лоиҳа харидорӣ, васлу насб ва ба истифода додани 6 автотрансформаторҳои якфазагӣ ба ивази таҷҳизоти ба ин монанд пешбинӣ шудааст, ки 40 сол пеш насб ва муҳлати истифодаашон ба охир расида, дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд.

Маблағгузорӣ ба муҳлати 20 сол бо шумули 8 соли давраи имтиёзнок оид ба пардохти қарзи асосӣ сурат мегирад.

Амалисозии лоиҳа ба беҳтар шудани вазъи бехатарӣ ва эътимоднокии кори нерӯгоҳ, таъмини интиқоли мунтазами барқ аз он, камшавии хароҷот барои истифода ва таъмири пурраи автотрансформаторҳо имкон медиҳад.

Лоиҳа як қисмати лоиҳаи бузурги таъмир, барқарор ва навсозии нерӯгоҳи Норак буда, аз ду марҳила бо маблағгузории то 700 млн. доллар иборат аст.

Айни замон марҳилаи якуми барқарор ва азнавсозии нерӯгоҳ амалӣ мешавад, ки дар маблағгузории он ба ҷуз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ҳамчунин Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ва Бонки осиёгии сармоягузории зерсохторӣ иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.