Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро муаррифӣ кард.
Дар робита ҷаласаи васеи корӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва иштироки намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар баргузор шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, зимнан дар бораи анҷомдиҳии амалиёти интиқоли фаромарзӣ ва камбудию хавфҳои ҷойдошта дар ин самт маълумот пешниҳод гардида, имконоту вазифаҳои Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (ММП) шарҳ дода шуд.
Муовини якуми раиси БМТ изҳор дошт, ки солҳои охир низоми интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб дар Тоҷикистон тамоюли рушди босуъатро касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳисса ва нақши он дар миёнаравии молиявӣ зиёд шуд.
Бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байнулмилалии интиқоли маблағ, БМТ таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронид. Дар натиҷа як қатор мушкилиҳое ошкор шуданд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд. Ин омилҳо ба рушди низоми интиқоли маблағҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ ба муштариён халал мерасонад.
Нуралиев аз ҷумла чунин омилҳоро зикр кардааст:
- мавҷуд набудани имкони аз ҷониби шаҳрванд гирифтани маблағи интиқолшуда аз дилхоҳ ташкилоти қарзӣ, бинобар надоштани шартномаи ҳамкорӣ бо ҳама низомҳои интиқолӣ ва нобаробар ҷойгир шудани онҳо аз рӯйи мавқеи ҷуғрофии кишвар. Дар ин ҳолат муштарӣ маҷбур аст, вақти худро ба ҷустуҷӯйи ташкилоти қарзие сарф намояд, ки бо низоми интиқолии ба вай лозим шартнома дорад;
- ташкилотҳои қарзии ватаниро зарур аст, ки барои ҳамкорӣ бо ҳар як низоми интиқолии байнулмилалӣ дар бонкҳои хизматрасони онҳо суратҳисоби муросилотӣ кушоянд, ки ин боиси хароҷоти иловагии ташкилотҳои қарзӣ ва сарфи вақти зиёд гашта, хавфҳои иловагиро ба миён меорад;
- ташкилотҳои қарзӣ ҳамарӯза маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт карда, баъд аз як ё ду рӯз ин маблағҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд. Ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байнулмилалӣ зиёд мекунад. Бо назардошти он ки ҳамарӯза маблағи зиёд ба ҷумҳурӣ интиқол мешавад, бевосита ин раванд ба низоми бонкӣ хавфи калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки чунин ҳолатҳо боиси ба миён омадани мушкили молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида, ҳадди ақалл бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо (Лидер ва Мигом) анҷомид. Уҳдадориҳои онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон беш аз 1 млн. доллари ИМА ва 45 млн. рубли русиро ташкил дод;
- мавҷуд набудани механизми мониторинги онлайнии вуруди маблағҳо ҳамчун фишанги муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- мавҷуд набудани маълумоти дақиқ оид ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва имконияти таҳлили хавфҳои он амнияти иқтисодии давлатро зери хатар мегузорад;
- мавҷуд набудани қурби ягонаи мубодилавӣ, ки ба манипулятсияи сунъӣ дар бозори интиқоли маблағҳо оварда мерасонад.
Бо назардошти камбудиҳои ошкоршуда дар низоми амалкунандаи интиқоли маблағҳои Тоҷикистон, БМТ дар доираи татбиқи сиёсати ислоҳотии худ иқдом гирифт, ки Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисобҳо таъсис диҳад. Мақсади асосии таъсиси он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмини шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар кишвар мебошад, - гуфтааст Нуралиев.
Ба қавли ӯ, Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ ба таври зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шаванд. Маркази мазкур инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқолҳои пулӣ таъмин карда, барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин сифати хизматрасониро барои интиқолгирандагон беҳтар намуда, имкони назоратро дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин менамояд.
Тибқи арзёбии Нуралиев, ММП як қатор афзалиятҳоро фароҳам меорад, ки ба манфиати рушди низоми молиявии кишвар аст, аз ҷумла:
- таъмини шаффофияти амалиёт аз рӯйи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;
- таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯистифодаи низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Тоҷикистон;
- баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП;
- тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;
- аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣ дар бозори интиқоли маблағҳо ва маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ;
- таъмини қурби ягонаи мубодилавӣ барои интиқоли маблағҳо;
- беҳтар кардани механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, хусусан, дар манотиқи дурдасти кишвар;
- фароҳам овардани имкони интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои дорандагони “Корти миллӣ” ва афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ;
- таъсиси махзани муттаҳидаи иттилоот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ, ки боиси беҳтар шудани сифати маълумоти оморӣ ва таҳлилҳо мешавад.
Дар рафти ҷаласа таъкид шудааст, ки аз иштирокдорони Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо барои анҷом додани амалиёт дар доираи ММП ягон маблағ талаб карда намешавад. БМТ дар баробари таъмини хароҷот барои таҳия, татбиқ ва дастгирии ММП, ба ҳайси мақоми танзимгар дар оянда низ тамоми хароҷоти марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкурро ба зиммаи худ гирифта, бо ин амал хавфи зиёд шудани ҳаққи хизматрасониро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори интиқоли маблағҳо аз байн мебарад.
БМТ аз моҳи январи соли 2019 бо низомҳои байнулмилалии интиқолӣ дар хусуси кам кардани ҳаққи хизматрасонӣ барои ММП гуфтушунидҳо доир кардааст. Дар натиҷа як қатор низомҳои байнулмилалии интиқолӣ меъёри фоизашонро барои Тоҷикистон кам карда, ҳаққи хизматрасониро аз 1,5% то 1% коҳиш доданд.
Бонки миллии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони бозори интиқоли маблағҳоро бовар мекунонад, ки дар доираи ислоҳоти ниҳодӣ оид ба таъсиси Маркази миллии протсессингӣ тамоми манфиатҳои гирандагон ва фиристандагони маблағҳои интиқолӣ ба инобат гирифта шуданд, аз ҷумла, ҷонибҳои манфиатдор низ ҳимоя мешаванд, - изҳор доштааст Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласа бо намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар.
Гуфта мешавад, бо назардошти тамоюли ҷаҳонии ҳамгироии технологияҳои молиявӣ бо технологияҳои танзимгар, ки дар асоси онҳо модели Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо таҳия шудааст, дар оянда он ба ташаккули доираи васеи имкониятҳои технологӣ ва инноватсионӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат хоҳад кард.
“Дар ҷамъбасти ҷаласа таъсисёбӣ ва фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ аз ҷониби роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ мавриди дастгирӣ ва қобили қабул арзёбӣ карда шуд”, - хабар додааст шуъбаи матбуоти БМТ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане возобновился процесс над известными политическими деятелями
Высокие и неудобные. Столицы стран Центральной Азии растут вверх, но становятся некомфортными для людей
Эмомали Рахмон вновь избран председателем Народной демократической партии Таджикистана
В Шахристане четверо детей отравились угарным газом. Двое из них погибли
«Лучший супруг» и «Лучшая ремесленная семья» Таджикистана: кто они и как победили?
Зараженные птицы и комары. Чем известен убитый в Москве генерал Кириллов
Безотцовщина при живом отце. Как трудовая миграция влияет на детей мигрантов?
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста