Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 нисбат ба нӯҳ моҳи соли гузашта ба андозаи 6,4 банди фоизӣ паст шуда, 22,1%-ро ташкил дод. Дар ин бора Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зимни ҷаласаи ҷамъбасти вазъи низоми бонкӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 маълумот дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, Нурмаҳмадзода гуфтааст, меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо дар ин давра бо асъори хориҷӣ ба 15,5% баробар шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст аст.

Тадбирҳои паст кардани меъёри фоизи қарзро Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи иқдоми сарвари давлат оид ба таъмини рушди соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ амалӣ кардааст.

Ба қавли раиси БМТ, аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра додашуда наздики 40% он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсолотчиён ба сурати умум дар ҳаҷми ҳудуди 2,7 млрд. сомонӣ (наздики 280 млн. доллар) қарз гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 980 млн. сомонӣ ё худ 58% бештар аст.

Раиси БМТ зикр кард, ки моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба соҳаи сайёҳӣ 8,1 млн.сомонӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ 27,2 млн. сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,5% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти кишвар чандин маротиба ба дастнорасии қарзҳои арзон барои тиҷорат таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба масъулин ҷиҳати поин бурдани меъёри фоизи қарзҳо супориш дод.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ду сол пеш дастур дода буд, ки арзиши воқеии қарзҳои бонкӣ муайян ва меъёрҳои фоиз ба онҳо тадриҷан поин бурда шавад.

Барои иҷрои ин дастур соли гузашта дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарияш ба уҳдаи муовини раиси Бонк вогузор гардид.

Дар БМТ мегӯянд, ки роҳандозии тадбирҳоро барои амалисозии сиёсати қобили қабули фоизӣ дар низоми бонкӣ давом медиҳанд ва онро омили муассир барои рушди иқтисоди кишвар медонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.