Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус оид ба истеҳсоли тракторҳо аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи гузашта тағйироту иловаро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2019”-ро маъқул шуморид.

Ба гуфтаи манбаи огаҳи “Азия-Плюс”, дар тағйироту иловаҳо озод кардани корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – ҶСП “Агротехсервис” аз пардохти боҷи гумрукӣ ва ААИ зимни воридоти қисмҳои эҳтиётӣ барои васлу насби техникаи кишоварзӣ ва мошинҳо, ҳамчунин интиқоли маҳулоти тайёр пешбинӣ шудаст.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус “Агротехсевис” дар шаҳри Ҳисор моҳи майи соли гузашта бо иштироки сарони ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Тӯли 9 моҳи соли 2019 дар ин корхона 160 адад техника ва мошинҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, 92 трактори "Беларус" васлу насб шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.