Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ба андозаи 9,2% боло рафтанд.

Тавре Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, арзиши маҳсулоти хӯроквории зерин бештар гарон шудааст:

- гӯшт – 21,1%;

- маҳсулоти нонӣ – 17,2%;

- сабзавот – 11,3%;

- шир ва маҳсулоти ширӣ – 3,5%.

Арзиши маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар ин давра 3,1% боло рафтааст. Нархи чунин маҳсулот нисбатан зиёдтар афзоиш ёфтааст:

- маводи дорусозӣ – 12,3%;

- дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 6,9%;

- хишт барои сохтмон – 5,8%;

- шифери асбесту сементӣ – 4%.

Тарифҳои хизматгузориҳои пулакӣ давоми моҳҳои январ-октябр 4,4% афзудааст. Нисбатан бештар чунин хизматгузориҳо гарон шудаанд:

- нархи чиптаи ҳавопаймо – 6,3%;

- тарифҳои хизматрасониҳои маишӣ – 3,6%;

- нархи роҳкирои нақлиёти автомобилӣ – 2,9%.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.