Бонки осиёии рушд (БОР) грант ба маблағи 10 млн. долларро барои дастгирии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон маъқул шуморид. Ин лоиҳаи БОР нахустин дар бахши сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
“Бо назардошти манзараҳои зебои кӯҳистон, боигариҳои табиӣ, ҳамчунин робитаҳои таърихӣ бо Роҳи қадимаи Абрешим ва ҳатто давраҳои пештар аз ин, Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ афзалиятҳои зиёд дорад, - қайд кардааст роҳбари шуъбаи БОР оид ба лоиҳаҳо дар Тоҷикистон Ризо Фаррух. - Лекин имконоти сайёҳии кишвар истифоданашуда боқӣ мемонад. Ба туфайли ин, мо талошҳои ҳукуматро оид ба рушди бахши сайёҳӣ ба сатҳи нав мегузаронем”.
Дар доираи лоиҳа нақшаи маҷмӯавии рушди сайёҳӣ бо назардошти таҳлили талабот дар бозор ва харитаҳо омода шуда, ҳамчунин таҳкими имконоти ниҳодӣ дар соҳа ба назар гирифта мешавад.
Дар доираи лоиҳа ба кишвар дар таҳияи ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ кумак карда мешавад, ки заминаи стратегӣ барои рушд ва мониторинги соҳа мебошад.
Ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар бораи масоили ҳиссаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, шуғл дар сатҳи миллӣ ва сармоягузории мустақими хориҷӣ; алоқаи сайёҳӣ бо маблағҳои софи асъорӣ; ҳиссаи навъҳои гуногуни сайёҳӣ дар қатори даромадҳои дахлдор ва тақсимоти хароҷот ба сайёҳӣ маълумот медиҳад.
Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби лоиҳа нақшаи афзалиятноки сармоягузорӣ, арзёбии фанниву иқтисодӣ ва тарҳи муфассали лоиҳаҳои сармоягузорӣ муайян ва таҳия мешаванд.
Арзиши умумии лоиҳа 11 млн. доллар буда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 1 млн. доллар аст. Анҷоми лоиҳа соли 2024 дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки нахустин кумаки БОР ба Тоҷикистон соли 1998 маъқул дониста шуда, ба дастгирии барқарор кардани иқтисод баъд аз низои дохилӣ равона шуд.
Аз он замон БОР ба Тоҷикистон беш аз 1,8 млрд. доллар, аз ҷумла, зиёда аз 1,1 млрд. доллар ба сифати грант ҷудо кард. Ин кумак ба беҳбуди ҳолати нақлиёт ва зербинои кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ мусоидат кард.
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Соли 2018 уҳдадориҳои умумии БОР оид ба қарзу грантҳо 21,6 млрд. долларро ташкил дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
В Таджикистане задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
В Магдебурге автомобиль въехал в толпу людей на рождественской ярмарке
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста