Ҳукуматдорони Тоҷикистон ният доранд, ки маблағи воридоти андозҳо ба буҷети давлатиро дар соли оянда қариб 10% зиёд кунанд.
Дар қонуни аз ҷониби парлумон қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” иҷрои нақшаи даромадҳо аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 17,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети имсола 1,6 млрд. сомонӣ бештар аст.
Воридоти андозҳо дар соли оянда ҳудуди 70%-и қисмати даромади буҷети давлатиро (26,1 млрд. сомонӣ) ташкил хоҳад дод.
Дар соли 2020 афзоиши ҳаҷми воридоти андозҳо нисбат ба соли ҷорӣ аз ҳисоби баланд кардани ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (512 млн. сомонӣ зиёдтар), андоз аз фоида (232 млн. сомонӣ бештар) ва андоз аз даромад (230 млн. сомонӣ зиёдтар) пешбинӣ шудааст.
Ҳанӯз аввали соли равон зикр гардида буд, ки давоми солҳои 2019-2021 ҳукумат ҳамасола даромад ба буҷетро аз ҳисоби воридоти андозҳо ба ҳисоби миёна 10% зиёд карданист.
Дар сохторҳои марбута мегӯянд, афзоиши воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо бо роҳи табиӣ сурат мегирад: соҳибкорон ва корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз мекунанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, иқтисод рушд мекунад ва мутаносибан сарчашмаҳои нави андозбандӣ пайдо шуда, воридоти маблағ аз андоз низ меафзояд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд кардани сарбории андоз ба намояндагони тиҷорат сурат мепазирад.
“Барои расидан ба нишондиҳандаҳои аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда, мақомоти андози мо меъёрҳои андозбандиро дар ҷойҳои ҳанӯз имконпазир ва дар навбати аввал нисбат ба тиҷорат зиёд мекунанд”, - гуфт ба “Азия-Плюс” як иқтисодшинос, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.
Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб ирсол кард, ки дар он сарчашмаҳои нави пур кардани буҷет аз ҳисоби пардохти андоз пешниҳод мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как таджикистанцам добраться до Доминики и что там посмотреть?
В Таджикистане выросла детская преступность
Рамазон Рахимзода подтвердил, что «Боим» задержан и доставлен в Таджикистан
Digital Fest 2025: главный образовательный форум Таджикистана соберет экспертов технологий будущего
Налоговый комитет Таджикистана назвал своих главных должников
Казахстан и Таджикистан создадут СП по производству подсолнечного масла
10 лет и 4 месяца. Стали известны новые подробности приговора Ахмаду Иброхиму
TIKA укрепляет инфраструктуру медицинского образования Таджикистана
Глава МВД заявил, что еще несколько человек находятся в розыске в связи с убийствами в Канибадаме
ЧП в колонии Вахдата, приостановка деятельности Фонда Ага Хана и проблемы с получением справок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста