Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ имрӯз, 28-уми ноябр созишномаи ҳанӯз моҳи августи соли 2012 имзошударо байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ҶСК «ТВЕА»-и Чин ва ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи амалисозии лоиҳаи сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ «Бо усули захиравӣ» тасдиқ кард.
Муовини аввали вазири саноат ва технологияҳи нави Тоҷикистон Бахтиёр Шарифӣ дар ҷаласаи парлумон қайд кард, ки ширкати Чин аллакай ба истихроҷи тилло дар кони "Кумарғи Боло” ва “Дуоба” дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд оғоз кардааст.
Фоида аз истихроҷи тилло ба ҷуброни воситаҳое равона хоҳад шуд, ки ширкат дар сохтмони маркази барқу гармидиҳӣ дар Душанбе масраф кард.
Майдони умумии конҳо 15,4 км мураббаъ, захираҳои собитшудаи тилло – 51,7 тонна ва захираҳои мавриди таҳқиқ – 117,16 тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи созиши ҳосилшуда бо ҳукумати Тоҷикистон, ширкат ба истихроҷи металлҳои гаронбаҳо аз ин конҳо то ҷуброни воситаҳои харҷкардааш барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ҳуқуқ дорад.
Ба қавли Шарифӣ, ҳамаи тиллое, ки ширкат аз ин конҳо истихроҷ мекунад, танҳо ба Вазорати молияи Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
“Ба ҷуз ин, аз ҳудуди 700 нафар коргарон дар ин конҳо 80%-ашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод”, - гуфт Шарифӣ.
Қобили зикр аст, ки маблағи сарфшудаи ширкати ТВЕА барои сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 - 349 млн. долларро ташкил дода, 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Соли гузашта раҳбарияти ширкати ТВЕА ба ВАО-и Чин хабар дод, ки агар захираҳои ду кони тилло барои ҷуброни хароҷоти ширкат кифоя накунад, ба ин ширкат барои коркарди боз як кони дигар ҳуқуқ дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Хранитель Сиёмы. Какой он, отшельник Иван Брагин?
Apple и Google заявили о возможных хакерских атаках на пользователей в Центральной Азии
Служба связи Таджикистана предупредила о мошеннических звонках от имени мобильных операторов
Таджикистан и ООН обсудили разработку новой программы сотрудничества по устойчивому развитию на 2027–2030 годы
В Таджикистане выросло число ищущих работу: вакансий меньше, чем желающих трудоустроиться
2,7 млрд человек получили доступ к воде, но ухудшение экосистем ставит под угрозу достигнутый прогресс, — доклад АБР
Таджикские дети, вернувшиеся с войны, снова учатся мечтать
В Раште молодожены погибли от отравления угарным газом
Тяжелоатлет из Таджикистана установил новый мировой рекорд в пауэрлифтинге
Трамп выразил разочарование тем, что Зеленский не изучил мирное предложение США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста