Дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 2-3 декабр баргузор шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро дар он вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ кардааст.

Дар ин бора ба Asia-Plus сардори бахши котиботи вазорати мазкур Ҷамшед Саъдуллоев иттилоъ дод. “Вазири энергетика дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон ширкат варзид. Комиссия масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва техникиро баррасӣ кард. Усмоналӣ Усмонзода ҳамчунин рӯзи панҷшанбе, 5-уми декабр дар конфронси Шӯрои идоракунии захираҳои об иштирок мекунад”, - афзуд ӯ.

Муомилот бо пулҳои миллӣ

Бино ба иттилои хабаргузории Parstoday, вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён рӯзи сешанбе, 3-юми декабр дар маросими имзои асноди ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар гуфтааст, баргузории 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фаннии Эрону Тоҷикистон бисёр муваффақиятомез буд ва бояд ба иҷрои тавофуқҳои суратгирифта таваҷҷуҳ шавад. Ӯ тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ ва бонкиро яке аз мавориди тафоҳумномаҳо хонд ва эълом кард, кумитаи вижае барои пайгирии мубодилоти бонкӣ эҷод хоҳад шуд.

Ризо Ардакониён афзуд, аз дидгоҳи масъулони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон, тавсеаи равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои исломӣ дар садри таваҷҷуҳи авлавиятҳост ва Тоҷикистон дар ин миён аз ҷойгоҳи вижа ва арзандае бархурдор аст. Вазири нерӯи Эрон тиҷорат, иқтисод, ҳамкориҳои бонкӣ ва бимаиро аз тавофуқоти ду кишвар дар 13-умин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ донист. Вай афзуд, ин тавофуқот шомили тавсеаи ҳамкориҳои бонкӣ ва бима аз тариқи ташкили кумитаи муштарак ва истифода аз пулҳои миллӣ дар таъмини молии тарҳҳост.

Вазир иқдоми муштарак барои такмили хатти роҳи оҳани  Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон, тавсеаи корхонаҳои ҳавзаи нафт ва гази Тоҷикистон, идомаи ироаи хадамоти фаннии муҳандисӣ дар тарроҳӣ ва сохти сомонаҳои обу фозилоб ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, истифода аз тавони ширкатҳои паймонкорӣ ва корхонаҳои созандаи таҷҳизот дар ҳавзаи саноати обу барқ, инчунин тавофуқ барои содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистонро аз дигар мувофиқаҳои байни Теҳрону Душанбе эълом кард.

Ардакониён бо ишора ба тавофуқоти суратгирифта дар ҳавзаи ҳамкориҳои омӯзишӣ, табодули устоду донишҷӯ ва пешниҳоди бурсҳои таҳсилӣ ба якдигар, инчунин густариши ҳамкориҳои ҳуқуқие чун интиқоли маҳкумон ва истирдоди муҷримон ибрози умедворӣ кард, ки онҳо фасли ҷадидеро дар тавсеаи равобити байни Эрон ва Тоҷикистон рақам занад.

1/13

Барқарории иртиботи электрикӣ

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ардакониён ҳамзамонии шабакаи барқи Эрон ва Тоҷикистонро марбут ба барқарории иртиботи электрикӣ донист.

Вазири нерӯи Эрон дар ҳошияи имзои тавофуқнома бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт: “Ҳамзамон кардани шабакаи барқи якчанд кишвар лозим донистани иртиботи электрикӣ аст ва дар ҳоли ҳозир дунболи барқарории ин иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон ҳастем, ки ниёзманди музокироти чорҷонибаи Эрон бо Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аст”.

Раиси эронии Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон бо ишора ба ин, ки Тоҷикистон аз лиҳози зарфияти энергетикии барқи обӣ яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон аст, афзуд: “Агар сармоягузории лозим сурат пазирад, барқи тавлидии ин кишвар метавонад ниёзи минтақаро таъмин намояд”.

Пешниҳоди мубодилаи барқ

Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода бо ишора ба ин ки авҷи масрафи барқ дар Тоҷикистон мавсими зимистон ва дар Эрон тобистон аст, ҳамкорӣ дар заминаи табодули барқи ду кишварро пешниҳод кардааст.

Усмоналӣ Усмонзода дар дидор бо Муҳаммадвалии Алоуддинӣ, мудири кулли Ширкати сохт ва таҳияи колои саноати барқи Эрон (СоТКоБ) бар тақвияти ҳамкории муҳандисони тоҷикистонӣ ва эронӣ дар бахши нерӯгоҳҳои тавлидкунандаи энержӣ таъкид кард.

Муҳаммадвалии Алоуддинӣ ҳам дар ин дидор бо ишора ба ин ки СоТКоБ ба унвони пуштибони саноати обу барқ беш аз 50 сол собиқаи фаъолият дорад, гуфт, ин ширкат омодааст, ҳама ниёзҳои таҷҳизоти ҳавзаи обу барқи Тоҷикистонро таъмин ва дар интиқоли дониши фаннӣ ҳамкорӣ кунад. Мудири кулли СоТКоБ Тоҷикистонро ба лиҳози манобеи обӣ муносиб барои сармоягузорӣ донист ва пешниҳод кард, комиссияи муштараке барои тасҳил дар умури тиҷорӣ ва содироти ду кишвар эҷод шавад.

1/12

Бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ширкатҳои эронӣ дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ даъват ба ҳамкорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Усмоналӣ Усмонзода рӯзи сешанбе дар боздид аз Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон дар Теҳрон анҷоми тарҳҳои нерӯгоҳи хурду миёна дар Тоҷикистон ва раванди такмили нақби “Истиқлол”-ро баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, нерӯгоҳҳои хурд бо таваҷҷуҳ ба шароити кӯҳистонии Тоҷикистон метавонанд ба таъмини барқи деҳоти вилояти Бадахшон кумак расонанд.

Рӯнамои китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”

Хабаргузории Parstoday иттилоъ медиҳад, ки 4-уми декабр дар Теҳрон рӯнамои китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-и раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти шаби забони форсию тоҷикӣ доир мегардад.


Нишасти мазкур бо ташаббуси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Эрон баргузор мешавад. Дар он вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, аъзои пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, устодон ва пажуҳишгарони барҷастаи эронӣ ва алоқамандон ба фарҳангу адаби муштараки Тоҷикистону Эрон иштирок мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.