Бонки осиёии рушд (БОР) барои сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод 110 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк маъқул дониста шуд.

“Ин роҳи муҳими долони байнулмилалист, ки дастрасии 17 маҳаллаи аҳолинишинро ба имконот ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ таъмин мекунад, - иброз дошт ӯ. - Дар лоиҳа бунёди наздики 75 километр роҳи духата ва якчанд пулу нақб пешбинӣ шудааст”.

Сривастава қайд кард, ки амалисозии лоиҳа дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, маблағҳои аз ҷониби БОР ҷудомешуда ба сохтмони қитъаи аввали роҳи Обигарм – Тоҷи Қамар бо масофаи 30 километр равона мегарданд.

Ба гуфтаи намояндаи доимии БОР, дар ин қитъа бунёди ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр дар назар аст.

“Фурсат кам буда, то замони зери об рафтани роҳи ҳозира, ин қитъа бояд то соли 2023 сохта шавад”, - гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои бунёди ин роҳ аз канори обанбор дар маҷмӯъ ҳудуди 350 млн. доллар маблағ зарур аст.

Барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур ҳукумат ба дигар шарикони рушд низ муроҷиат кардааст.

Дар назар аст, ки маблағҳои иловагиро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳамчунин Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.