Сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд KfW дар Тоҷикистон Андреас Шнайдер охири ҳафтаи гузашта созишномаи саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи хурди барқи обии Себзорро дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ имзо карданд.
Тавре дар маълумоти намояндагии ИА дар Душанбе қайд мешавад, маблағи ҷудошуда дар ҳаҷми 20 млн евро ба 17 млн еврое, ки пештар ҳукумати Олмон барои ин лоиҳа ба Тоҷикистон зимни гуфтушуниди байниҳукуматии соли 2018 ҷудо карда буд, илова мешавад. Бо имзо шудани созишнома маблағи умумии сохтмони ин нерӯгоҳ 37 миллион евроро ташкил медиҳад.
Мэрилин Йосефсон дар суханронии худ аҳаммияти иҷтимоӣ ва муҳитзистии ин лоиҳаро таъкид кард ва гуфт, ки ин лоиҳа замина фароҳам меорад, то баъзе хонаводаҳои Бадахшони Афғонистон низ бо нерӯи барқ таъмин шаванд.
Андреас Шнайдер изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳа тавлид ва таъмини нерӯи барқи тозаро дар ноҳияи Роштқалъа ва тамоми ВМКБ беҳтар мегардонад.
Ӯ ёдовар шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ якчанд тадқиқоти муҳимро барои таҳияи лоиҳа маблағгузорӣ кард.
Ба ҷуз ин, маблағгузории Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байнулмилалӣ (USAID) барои тақвият додани зарфияти ширкати Помир Энерҷӣ ва саҳми Котиботи давлатии Швейтсария оид ба Иқтисод SECO дар сохтмони 18 км хатти интиқоли барқ аз нерӯгоҳи Себзор то шаҳри Хоруғ ва сохтмони як зеристгоҳи нав зикр гардид.
Дар лоиҳаи сохтмони НБО Себзор бунёди нерӯгоҳи хурди ҷараёнӣ бо иқтидори 11 мегаватт ва зарфияти тавлиди солонаи 74,5 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар рӯдхонаи Шохдараи ВМКБ пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, маблағгузории лоиҳа тавассути бонки давлатии Олмон – KfW сурат мепазирад. Масъули иҷрои лоиҳа ширкати Помир Энерҷӣ мебошад, ки низоми энергетикии ВМКБ-ро тибқи шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати ҶТ идора мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
12 правил жизни Зебинисо Рустамовой
В Таджикистане вырос импорт сельхозпродуктов на фоне увеличения внутреннего производства
Эмомали Рахмон произвел кадровые перестановки в судах и администрациях Душанбе, Хатлона и ГБАО
Электронные ворота в аэропорту Душанбе заработают в марте 2025 года
Реабилитация дороги от Калаи Хумба до Рушана завершится в июне этого года
«Таджик Эйр» завершил многолетний спор с литовской компанией SkyRoad Leasing
Салат «Шакароб» попал в рейтинг худших блюд мира
Соблюдаются ли меры безопасности в «Сафед-Даре»?
Авиакомпания «Сомон Эйр» запустит рейс Душанбе – Лондон
В Чувашии в 2025 году ограничат работу мигрантов в ряде сфер экономики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста