Дипломатҳои Русия изҳор медоранд, ки дар муқоиса бо соли 2018 соли равон ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 20% афзудааст.
Дар микроблоги Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Twitter бо истинод ба сафири Русия дар Тоҷикитсон Игор Лякин-Фролов қайд мешавад, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон наздики 3 млрд. долларро ташкил хоҳад дод.
“Тибқи маълумоти гуногун, ҳудуди як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои пулкоркунӣ доимо дар Русия қарор доранд”, - таъкид кардааст дипломат.
Ёдрас мекунем, ки соли 2018 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон андаке бештар аз 2,5 млрд. доллар фиристоданд.
Нимаи моҳи декабр Бонки марказии Русия дар бораи интиқолҳои фаромарзии шахсони воқеӣ тӯли 9 моҳи соли равон маълумот нашр кард, ки мувофиқи он дар ин давра ба Тоҷикистон 1 млрд. 941 млн. доллар фиристода шуда, он ҳамагӣ 3 млн. доллар зиёдтар аз ҳамин давраи соли 2018 мебошад.
Соли ҷорӣ ҳаҷми як интиқол ба Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 154 долларро ташкил додааст.
Маълумоти солона аз ҷониби Бонки марказии Русия маъмулан дар охири семоҳаи аввали соли минбаъда нашр мешаванд.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 3 млрд. доллар нарасидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.