Соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 2 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 121 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи саноати ангишти кишвар мебошад.

Гуфта мешавад, аз 18 корхонаи соҳа 11 корхона фаъолият карда, 7 корхона аз сабаби тамдид нашудани муҳлати амали иҷозатнома давоми 5 соли охир истихроҷи ангиштро қатъ намуданд.

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар корхонаҳои соҳа бо ҷалби техникаю таҷҳизотҳои ҳозиразамон тамоюли зиёдшавӣ дошта, 96,7 дарсади он ба 5 корхона, аз ҷумла, 43,9% ба КФ “Фон-Яғноб”, 20,3% ба ҶДММ “Талко-Ресурс”, 19,8% ба ДИА-и ҶДММ “КМТ”, 9,7% ба КФ “Зиддӣ” ва 3,1%, ба ҶСК “Ангишт”, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас доранд, рост меояд.

Фурӯши ангишт дар ин давра 1 млн 960 ҳазор тонна, аз ҷумла, ба Маркази барқу гармидиҳӣ-2 шаҳри Душанбе  51,6%, корхонаҳои саноатӣ 31,3%, аҳолӣ 13,2%, муассисаҳои буҷетӣ 3,0%-ро ташкил дод.

Аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷшуда 0,9% ба хориҷи кишвар содирот шудааст: наздики 18 ҳазор тонна ба Покистону Ӯзбекистон интиқол гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 баробар – аз 870 ҳазор тонна дар соли 2014 то ба 2 млн. тонна дар соли 2019 афзуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.