Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи озмоишӣ оид ба насби ҳисобкунакҳои барқ, ки аз рӯйи усули биллинг кор мекунанд, амалӣ мешавад.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати ҶТ ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.
Зимни шарҳи масъала ба вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода хабар дод, ки се ширкати дар мазкур муддати 5 соли наздик ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд.
Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.
Амалисозии лоиҳа соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуда, зимнан 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб хоҳанд шуд.
Ҳисобкунакҳои нави барқ дар манзилҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешавад!
Зикр шудааст, ки пас аз амалисозии лоиҳа талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои шаҳр аз 19%-и ҳозира то ба 12% поин меравад.
Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз 81%-и ҳозира то ба сатҳи 99% боло меравад.
“Пас аз анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо, афзоиши ҷамъоварии пули барқ, ҳамчунин кам кардани шумори нозирон маблағҳои ба лоиҳа сарфкардаашонро бо фоизҳояш пурра бармегардонанд”, - гуфтааст Фаррух Ҳамрализода.
Дар навбати худ ҳукумати Тоҷикистон дар давраи амалисозии лоиҳа сармоягузоронро аз пардохти андоз ба арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 февраля 2025 года
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
умед22 января, 2020 16:02
Бисёр бад. Набояд ба чунин беинсофӣ амволи давлатиро худсарона аз они худ кард. Ҳисобкунакҳоро дар шаҳри Душанбе солҳои наздик иваз карда буданд. Ҳозир як ҳисобкунаки ЧНТ ва Хуабанд, ки хитойӣ мебошанд 240 сомонӣ нарх доранд. Дар сартосари ҷумҳурӣ ба ғайр аз ин ду намуди ҳисобкунакҳои зикршуда, намуди дигарро барои истифода бурдан иҷозат намедиҳанд. Инсоф кунед. Инсоф. Инсоф назоратчии беҳтарин мебошад.