Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод, ки ба аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил медиҳад, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст.
Дар робита ба сатҳи қарзи беруна ӯ қайд кард, ки дар ин самт вазорат “бо риояи ҳамаи тавсияҳои Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) кор мекунад”.
“Ҳамаи кори мо оид ба ҷалби қарзи хориҷӣ ба стратегияи идоракунии қарзи хориҷӣ асос меёбад”, - гуфт ӯ.
Вазири молия таъкид дошт, ки барои баргардонидани қарзҳо дар соли равон 220 млн доллар маблағ равона мешавад.
Ба қавли ӯ, тақрибан дар чунин ҳаҷм дар доираи ҳамон меъёр, ки ХБА муайян кардааст, ҷалби қарзи хориҷӣ дар соли равон пешбинӣ шудааст.
“Кӯшиш мекунем, ки аз доираи тавсияҳои ХБА берун наравем, зеро бо ин Хазина ва дигар созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҳамкорӣ дошта, манфиатдорем, ки минбаъд ба ҳамкории мо ягон монеа эҷод нашавад”, - иброз дошт Қаҳҳорзода.
Таъкид шуд, ки дар ин масъала ба ҷалби маблағҳои беруна бар асоси кумаки бебозгашт афзалият дода мешавад.
Аммо, қайд кард вазир, ҳалли бисёр масъалаҳо бе қарзгирӣ ғайриимкон аст ва илова намуд, ки “тамоми ҷаҳон қарз мегирад”.
Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк) мебошад, ки ба санаи 1 январи соли ҷорӣ ҷумҳурӣ аз он 1 млрд 163 млн доллар қарздор аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($325 млн), Бонки осиёии рушд ($259 млн) ва Бонки исломии рушд ($135 млн) қарздор мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане 25 марта начнутся весенние школьные каникулы
Евросоюз выделит €3 млн на строительство объектов в приграничье Таджикистана
Таджикистан выступил в ООН с инициативой по регулированию искусственного интеллекта
«Global Gateway» в Центральной Азии: визит комиссара Йозефа Сикела будет направлен на совместные проекты развития
Администрация Трампа прекратит реализацию 83% программ USAID
В Таджикистане получили налоговые льготы работодатели, трудоустраивающие лиц с инвалидностью
Таджикистан vs Узбекистан. Сколько стоят футбольные чемпионаты и игроки двух стран?
Эмомали Рахмон посетит Кыргызстан с государственным визитом
Таджикистан вошел в группу стран с низкой угрозой терроризма
Всемирный банк: Таджикистан – лидер по доле денежных переводов в экономике
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста